“Snickers - и тоҷикӣ”: Зардолуҳои хушки Суғд чӣ тавр ба Русия ва Аврупо содирот мешаванд?

Зардолу то замоне, ки хушк мешавад, кору заҳмати бештарро тақозо намуда, на ҳама кас қодир он аст, ки вижагиҳои онро дуруст бидонад
Sputnik
Нуралӣ Бобоев, аз зардолупарварони исфарагӣ мегуяд, барои дуруст чидану хушк кардани зардолуҳо ниме аз мавсими тобистонро ҳамроҳи хонаводаҳои худ дар зардолузорҳои навоҳии Суғд сипарӣ мекунанд.
Онҳо бо он, ки дар Чоркӯҳ, зодгоҳи худ зардолупарварӣ мекунанд, инчунин дарахтони зардолу дар навоҳии атрофи Хуҷандро харида, ҳосили онро хушк мекунанд ва умдатан аз ҳамин ҳисоб рӯзӣ дарёфт мекунанд.

“Мо зардолуҳоро чида, онҳоро кайса карда, хушк намуда сипас ба бозорҳои бузурги шаҳрҳои бузурги Москва, Қазон ва Тотористон интиқол медиҳем” - гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ин соҳибкори зардолупарвар мегуяд, ҳоло дар бозорҳо ва фурӯшгоҳҳои ҷаҳонӣ дар Русия ва шаҳрҳои Урупо растаҳое бо номи “Восточная лавка” амал мекунанд ва таваҷҷӯҳи хариддоронро хушкмеваҳои тоҷикӣ аз ҷумла зардолуҳое бо номҳои “шоҳона” (королевский), “нишонӣ”, “хурмоӣ”, мирсанҷалӣ, “қандак”, “абрикос” ва навъҳои дигар зиёд ҷалб кардаанд.
Бунёди “Боғи дӯстии зардолу”-и Тоҷикистон дар шаҳри Боку
Аммо то замоне, ки зардолуҳо қоқ гардонидашуда ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол шавад дар чанд марҳила кори пурзаҳмате ҳаст, ки бояд ба иҷро расонида шавад.
“Аввал мо зардолуҳоро болои хон (сурфа) бо эҳтиёт меафшонем, сипас онҳоро зери чодари плостикӣ ба дуди сулфур мегузорем то аз ҳамлаи ҳашарот эмин монда ва хушранҷу пурҷило шаванд. Анвое аз зардолуҳо ҳам ҳастанд, ки хушку кайса (берунории донак) кардани онҳо танҳо зери нури офтоб сурат мегирад” – таъкид кард, зардолупрвар.
Ҳамин тариқ зардолуҳои шимоли Тоҷикистон ба шаҳрҳои бузургтар расида табдил ба анвоъи мухталифи шириниҳо мешаванд, ки маъруфтарини онҳо шукулоти “Зардолуи тоҷикӣ” ва ё тавре худи зардолупарварону дӯсторони ин хуриш мегуянд “snickers и тоҷикӣ” аст.
Тоҷикистон ба маблағи беш аз млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ содир кард
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба яке аз боғҳои зардолу дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт ва ҷараёни хушккунии зардолуро навор гирифт.
Ба арзёбии коршиносони умури кишоварзӣ бахши аъзами зардолузорҳои ҷаҳон дар водии Фарғона (бахшшуда миёни Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон) воқеъ аст, ки дар ин миён боғҳои ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Хуҷанд аз аҳаммияти бештаре бархурдоранд.
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
Бино ба иттилоъи Идораи кишоварзии Суғд, зимнан ҷамъи боғҳои ҳосилдиҳандаи зардолу дар навоҳии шимоли Тоҷикистон ба беш аз 30 ҳазор га афзудааст.
Зардолуҳои ҳамин навоҳӣ ҳастанд, ки ба шакли меваи тар ва хушк ба бозорҳои Русияву Қазоқистон ва Урупо роҳ меёбанд.