Дар сатҳи кам: Доллар дигар асъори ИИАО нест

Истифодаи доллар дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар давоми 10 соли охир, аз соли 2014 сар карда, ба ҳадди пасттарин расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Соли 2023 ҳиссаи доллари ИМА дар сохтори асъории пардохтҳо барои содирот ва воридоти молу хизматрасониҳо байни кишварҳои узви ИИАО ҳамагӣ 10,6%-ро ташкил дод, иттилоъ додааст Комиссиияи иқтисодии АвруОсиё.
Новобаста аз он, ки аз замони таъсиси ИИАО масъалаи ҷорӣ кардани асъори ягонаи пардохтӣ матраҳ аст, доллари ИМА ҳамеша дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил байни кишварҳои Иттиҳодия нақши муҳим бозидааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2014 доллар 26,3%-и тамоми пардохтҳоро ташкил дод.
Ин замони "тиллоӣ"-и пули амрикоӣ буд. Пас аз он, пардохтҳои доллар ду мавҷи коҳишро аз сар гузарониданд.
Аввалин бор дар солҳои 2015-2017 то 18,3% коҳиш ёфт. Сипас, дар солҳои аз 2018 то 2020 то 20% мавқеъро барқарор кард, аммо аллакай дар соли 2022 мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар дар ҳисобҳои кишварҳои ИИАО оғоз ёфт.
Дар пасманзари коҳиши саҳми доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил миёни кишварҳои ИИАО, нақши пулҳои миллӣ дар пардохтҳо байни кишварҳои узв афзоиш ёфт. Дар соли 2023 ҳиссаи онҳо ба 84,6% расид.
Ҳамкориҳои байни минтақаҳои кишварҳои ИИАО ба сатҳи нав баромад
Мавқеи пешсафро рубли русӣ ишғол намуда, 81,3%-и пардохтҳоро ташкил медиҳад.
Аммо на танҳо пардохт барои содирот ва воридот бо рубл зиёд шудааст. Пардохтҳои танга дар давоми сол 0,7 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи драми арманӣ ва соми қирғизӣ низ ба 0,1% афзоиш ёфт. Гузашта аз ин, дар давраи аз соли 2020 то соли 2022 ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъорҳо умуман сурат нагирифтаанд.
Ҳиссаи асъорҳои дигар низ аз 0,9% то 2,1% афзоиш ёфт.
Коҳиши саҳми пардохтҳои доллар дар тиҷорати мутақобилаи кишварҳои ИИАО асосан ба Русия вобаста аст. Чун Русия яке аз шарики асосии тиҷории кишварҳои ИИАО мебошад. Мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар бо ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия дар робита ба оғози амалиёти вижа дар Украина рост омад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеҳ Хазинаи байналмилалии асъор аз коҳиши хариди доллар аз сӯи бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон хабар дод.