ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон 120,3 сомонӣ нарх дорад, ки нисбат ба нишондоди рӯзи қаблӣ каме поин аст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи доллари амрикоӣ низ майли поинравӣ дошта, дар сатҳи 10.7287 сомонӣ қарор гирифтаст.
Пули аврупоӣ бошад, майл ба гаронӣ дошта, феълан 1 евро – 11,5441 сомонӣ қимат дорад, иттилоъ дод манбаъ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10,7287 то 10.6800 сомонӣ 1 евро аз 11.5441 то 11.5400 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 120,3 то 120,5 сомониро ташкил медиҳад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.