ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Ҳиндустон номаи табрикӣ ирсол кард.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, президент Нарендра Модиро барои дигарбора ба ин мақом интихоб шуданаш шодбош гуфт.
"Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоботи муваффақи сартосарии парлумонӣ дар кишвар ва аз нав интихоб гаридиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон сидқан табрику таҳният мегӯям",- омадааст дар номаи Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки натиҷаҳои ин чорабинии муҳимми сиёсӣ боз як нишонаи равшани ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатии Моди аз ҷониби ҷомеаи Ҳиндустон мебошад.
Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ густариш дода, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
"Ба манзури пешбурди шарикии кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии инҷонибро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям",- таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.