Аз забондонии муҳоҷирон то шиносномафурӯшию ихроҷ: Баҳси сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия

Дар ҷаласаи вижаи Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, сиёсати муҳоҷиратӣ баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Русия таҷрибаи хариди шаҳодатномаи донистани забони русиро қатъ кардан лозим аст, ки амалан ба хариди шиносномаи кишвар аз сӯи муҳоҷирон баробар аст.
Ин нуктаро раиси Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, Валерий Фадеев зимни ҷаласаи вижаи ин ниҳод таъкид кард.
"Аввалин чизе, ки муҳоҷир дар Русия ба он рӯбарӯ мешавад, ин фасод аст. Аллакай як қатор ҷиноятҳои марбут ба дарёфти ғайриқонунии ин аснод ошкор шудааст, ки воқеан баробари хариди шаҳрвандии Русия аст", - гуфт ӯ.
Дар ҷаласа ҳамчунин сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон низ баррасӣ гардид.
Зиёда аз 10%-и кӯдакони муҳоҷир пас аз анҷоми соли таҳсил забони русиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Ин тақрибан 25 ҳазор мактаббача аст, гуфт мудири департаменти сиёсати давлатӣ ва идора дар соҳаи таҳсилоти умумии Вазорати маориф Алексей Благинин.
Барои ин гуна кӯдакон механизмҳои иловагии омӯзиши забони русиро ҷорӣ кардан лозим аст, таъкид кард ӯ.
Шаҳрвандигирии осон дар Русия барои мутахассисон ва донандаҳои забони русӣ лағв шуд
Дар донишгоҳҳои омӯзгории Русия модули ҳатмии кор бо муҳоҷирон ҷорӣ мешавад, хабар дод Благинин. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамчунин бозомӯзии омӯзгорони мактабҳоро, ки аллакай дар низоми кор бо муҳоҷирон кор мекунанд, ба ӯҳда мегиранд.
Ҳамчунин масъалаи ихроҷи муҳоҷироне баррасӣ шуд, ки даст ба ҷинояткорӣ дар Русия мезананд. Зикр шудаст, ки теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда барои даст задан ба ҷинояткорӣ ба андозаи сеяк афзоиш ёфт.
Дар семоҳаи аввал нисбати хориҷиён 38 ҳазор протокол тартиб дода шуд, гуфт Андрей Авезов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия. Дар маҷмӯъ беш аз 490 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шуд, афзуд ӯ.