Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видео

Рӯзи ҷаҳонии футбол шурӯъ аз 25 уми майи барои аввалин бор таҷлил гардида, қарор аст ҳамасола дар ин сана дар нукоти ҷаҳон қайд шавад
Sputnik
Нахустин иди ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо иштироки беш аз 25 ҳазор сокинони касбу кори гуногун бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Майдони сабзи варзишгоҳ пур аз наврасону ҷавонон буд, ки ҳар кадоме бо усули хоса машқу тамрини футбол мекарданд, ки барои ҳар як тамошобин хушҳолкунанда буд.
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини идораи кор бо ҷавонон ва варзиш сокинонро ба фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии футбол шодбош намуд.
Ҷашнвораҳои футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна гузаштанд - аксҳо
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои инъикоси ин чорабинӣ ба варзишгоҳ рафт ва беҳтарин лаҳзаҳои баргузории “фестивали футбол” ро ба навор гирифт.
Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол як қадами устувор аст, ки ба рушди футболи миллӣ таъсир хоҳад кард.
“Дар ин сана ҳама дар бораи футбол меандешанд ва ин навъи варзиш аз пурмухлистаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Футбол василаест, ки халқҳо, миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад” - зикр кард, котиби ФФ Суғд.
Маҷмааи умумии СММ ахиран бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд.