ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар машварати корӣ таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳозирин аз ҷумла таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ гардид.
Дар машварат генералҳои баландпоя, аз ҷумла раиси КДАМ, вазири корҳои дохилӣ, вазири мудофиа, додситони кулл, дабири Шӯрои амният, фармондеҳи марзбонӣ ва шаҳрдори Душанбе иштирок доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳо дод.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани анъана ва ҷашну маросими мардумию динӣ супоришҳо дода буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла маросимҳои ҳоҷибинону ҳоҷиталбон, зиёфатҳои пурхароҷот, пайравӣ аз хурофоту одатҳои беасос, бегонапарастӣ зикр намуда, номатлуб хонда буд.
Роҳбари давлат баръакс барои тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодии Тоҷикистон даъват карда буд.