Ҷамъбасти натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон натиҷаҳои 45 рӯзи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварро ҷамъбаст карда, пешсафонро ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз оғози даъвату гусели ҷавонписарон ба артиши Тоҷикистон, нақшаи пешбинишуда ҳудуди 90% иҷро шуд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати баҳорӣ дар 45 рӯз иттилоъ дод.
Манбаъ гуфт, ки тайи 1,5 моҳ масъулин дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар бораи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд.
"Бо ҳамин тартиб, ВМКБ, чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100% иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Хатлон дар 10 соли ахир бори аввал нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро кард
Ин ниҳод афзуд, ки иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88% баробар мебошад. Дар ин минтақа то ҳол ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозон гузориш доданд.
Нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Суғд 67%-ро ташкил медиҳад. То ҳол шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони ин вилоят иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май ҷараён мегирад.