Артиши Русия ба системаи зиддимушакии “Patriot” ва истгоҳи радарии AN/MPQ-65 дар минтақаи Гуляйполе зарба заданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
"Мо бо мушаки “Искандар” дар минтақаи деҳаи Гуляйполе вилояти Запорожие ба системаи дифои ҳавоии “Patriot” ва радари AN/MPQ-65-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба задем."
Тавре вазири дифоъ Сергей Шойгу моҳи март хабар дода буд, артиши Русия аз аввали сол панҷ системаи “Patriot”-ро нобуд кардаанд.
Дар Украина вақтҳои охир дар бораи мушкилоти системаҳои дифои ҳавоӣ бештар хабар медиҳанд. Ҳамин тариқ, директори генералии холдинги энергетикии ДТЭК Максим Тимченко эътироф кард, ки дифои ҳарими ҳавоии кишвар назар ба чанд моҳи пеш ба таври назаррас заифтар шудааст.
Дар охири моҳи апрел Владимир Зеленский аз шарикони ғарбӣ талаб кард, ки ба кишвараш ҳафт системаи “Patriot”-лозим аст, дар ҳоле, ки қаблан мегфт барои муҳофизати фазои Украина панҷ система кофист.
Мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷейк Салливан дар навбати худ қайд кард, ки Вошингтон то ҳол системаи озоди дифои ҳавоӣ барои интиқол ба ба ин икшвар надорад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа Ҷо Байден як бастаи нави кумак ба Киевро ба маблағи 400 млн доллар эълон кард. Ба иттилои Politico, кумакҳо аз мушакҳо барои системаҳои “Patriot” ва мошинҳои ҷангии Брэдлӣ иборат мебошанд.