ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, дар рӯзи аввали май ба 117,1 сомонӣ баробар шуд. Ин нишондиҳанда рӯзе қабл 0,3 сомонӣ бештар буд.
Қурби асъори амрикоӣ низ каме поин рафта, 1 доллар ба 10,9212 сомонӣ баробар гардид. Арзиши пули аврупоӣ ҳам дар баробари сомонӣ каме поинтар рафта, ҳамакнун 1 евро 11,7119 сомонӣ қимат дорад.
Ққурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.9212 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7119 то 11.7700 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 117,1 то 118 сомониро ташкил медиҳад.
Таваҷҷуҳ ба арзиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии кишвар маҳз бо рубл музд мегиранду ба Ватан мефиристанд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.