ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Майли ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзафзун буда, шумори ихтиёриён сол ба сол афзоиш меёбад, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Ин ниҳод дар ҷамъбасти моҳи якуми даъват эълон кард, ки нақшаро дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ВМКБ ҷамъбаст намуд.
Дар давоми 30 рӯз шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 74% расид.
Дар Хатлон ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят наздики 86% аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 30 рӯз аллакай 55%-и нақшаи даъват иҷро шудаст.
Иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51%-ро ташкил дода, масъулини чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.
"Умуман, бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати мудофиа иҷрои пеш аз муҳлати нақшаро дар бисёре аз шаҳру навоҳӣ ба беҳбуди шароити хидмат, зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба артиш раванда ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ рабт додаст.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ то охири моҳи май идома хоҳад кард.