ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, ки бидуни зарурат аз сафар ба Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт худдорӣ намоянд.
“Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд”, гуфта шудааст дар тавсияи вазорат.
Чанде пеш муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев мулоқот кард. Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот мушкилиҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин суҳбат ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таъйид кард, ки тайи рӯзҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар дар марзи Қазоқистону Русия ва фурудгоҳҳои ин кишвар дармонданд ва мунтазири имкони вуруд ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи вазъ гуфт, ки дар дидбонгоҳҳои марзи Русия, аз ҷумла бо Қазоқистон, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити Холл” чораҳои амниятӣ пурзур карда шудааст.
Вай таъкид кард, ки "чораҳои санҷишӣ" ва убури танҳо барои шаҳрвандони як кишвар нест.