ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Собиқадорони ҷангу меҳнати солҳои 1941 - 1945 чун анъара арафаи солгарди Ғалаба аз кумакпулиҳои ҳукуматҳои марказию маҳаллӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор мегарданд.
Ҳукумати Суғд барои ҳар иштирокчии ҶБВ соли равон ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ пардохт хоҳад кард, изҳор дошт раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ҳукумати вилоят, Шавкат Алиев ба Sputnik Тоҷикистон.
"Ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ солҳои 1941 -1945, ҳамсарони бесаробонмондаи афсарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба ҳар яке ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ пардохт карда мешавад", - зикр кард Алиев.
Бино ба иттилои манбаъ, ба афроде, ки дар солҳои ҶБВ дар хидмати ҳарбӣ қарор доштанд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ба ҳар кадоме 4 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.
Дар умум ҳукумати вилояти Суғд соли ҷорӣ барои қадршиносии қаҳрамонони ҶБВ 306 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Бино ба гуфтаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар Суғд, алҳол дар ин вилоят 6 куҳансарбози ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Деваштич, Ашт ва Мастчоҳ ба сар мебаранд.
Қарор аст, рӯзҳои 8 - 9 майи соли ҷорӣ 79-солагии пирӯзӣ бар фашизм дар боғи Ғалабаи маркази шаҳри Хуҷанд таҷлил шавад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ин рӯзҳо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи Ғалаба бо тантана аз ҷумла бо гузашти ҳарбӣ ҷашн гирифта мешавад.