ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Далели тарки кор кардани кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар Суғд баробари кам будани музд, саривақт пардохт нагардидани он арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" бо нашри як матлаб хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ маъмурият наметавонад музди меҳнати ночизро сари вақт пардохт кунад.
"Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ қарз аз музди меҳнат беш аз 1,6 млн сомониро ташкил дода, бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ қарзи кредитории соҳа ба 95,6 млн. сомонӣ расид", - гуфтаст муовини сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.
Зикр гардидаст, ки дар баъзе пойгоҳҳои обкашӣ ба ҷойи 18 мутахассис 5 ё 6 нафар кор мекунанд.
Дар калонтарин пойгоҳи таъмиру тармими агрегатҳои обрасони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки замони шуравӣ то 650 нафар кор мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 10-15 таъмиргар фаъолият доранд, омадааст дар матлаб.
Қарзи истифодабарандагони оби вилояти Суғд соли гузашта ба 74 млн сомонӣ расида буд.
Таъкид гардидаст, ки нархи ҳаққи хизматрасониро барои ҳар мукааб 5 дирамро ташкил медиҳад. Масъулин мегӯянд, об ройгон, аммо хизматрасонӣ, яъне тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳо расонидани он пулакӣ аст.