ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантӣ бо Бонки исломии рушдро тасвиб кард, ки дар доираи он бунёду таҷҳизонидани 53 мактаб дар назар аст.
Ин нуктаро муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ иборат мебошад, ки арзиши ин қисмат ҳудуди 59 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ аз бахшҳои дигари тарҳ аст, ки нархи он ҳудудди 16,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 ба нақша гирифта шудааст, афзуд ноиби вазири молия.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллар буда, саҳми ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 8 млн доллар арзёбӣ мешавад.
Қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 млн доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 млн доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 млн доллар бахшҳои ин тарҳ мебошанд.
Дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши аҳолӣ ва пайдо шудани минтақаҳои нави истиқоматӣ талабот ба муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфтааст.