Шуморе аз сокинон ин шаҳраки навбунёд мегуянд, солҳо ба ин тараф мушкили бебарқию беобиро паси сар мекунанд.
Маҳмадсолеҳ Ҷумъаев, сокини ноҳияи Мастчоҳ ва истиқоматкунандаи шаҳраки Сайҳун, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон изҳор намуд, ки чаҳор сол боз дар микроноҳияи 27 – 28 зиндагӣ мекунад, вале дар ин макон на барқ ҳасту на оби нӯшокӣ.
“Обро аз чор тараф бо зарфҳо меорем. Барқ нест, чаҳор фаси сол бо шамъ хонаҳоро равшан мекунем” – гуфт, сокини Сайҳун.
Назармаҳмад Давлатов, истиқоматкунандаи дигар, мегуяд, ки набуди мактаб, бунгоҳи тиббӣ аз мушкилоти дигари онҳо аст.
“То кунун дар Сайҳун мактаб вуҷуд надорад. Танҳо як дар наздикӣ як мактаб дар маҳаллаи Темурмалик амал мекунад, 7 км масофа ҳаст ва дар зимистон равуои кӯдакон мушкил аст. Аз сабаби набуди мактаб фарзандон назди бобову бибиҳояш ба ноҳияи Мастчоҳ фиристода шуданд” – иброз намуд, номбурда.
Дар ҳамин ҳол сардори муассисаи давлатии нигоҳдории иншоотҳои сохташавандаи шаҳраки Сайҳун, Хуршед Орифӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мушкилоти мавҷударо иқрор кард ва гуфт, ки баъзе аз онҳо соли ҷорӣ бартараф хоҳад шуд.
“Сохтмони мактаб ва роҳандозӣ намудани хатсайри мусофирбарӣ ба нақша гирифта шудааст, қарор аст рӯзҳои наздик корҳо дар ин самт оғоз шавад. Мушкили бебарқии хонаводаҳо дар маҳаллаҳои ин шаҳрак ҳам то поёни соли ҷорӣ ҳал хоҳад шуд” – гуфт, ӯ.
Шаҳраки Сайҳун соли 2015 дар масоҳати 2,5 ҳазор гектор ташкил шудааст. Бар асоси нақшаи кул ин шаҳрак аз 30 маҳаллаи хурд иборат буда, барои 7 ҳазор оила замин ҷудо карда шудааст.
То имрӯз 70 хонавода дар маҳаллаҳои ин шаҳрак хона бунёд карда дар онҳо истиқомат мекунанд.
Бахше дигар аз ҳудуди замини шаҳракро боғдорӣ ташкил медиҳад. Бино ба иттилоъи масъулин то имрӯз дар ҳудуди Сайҳун 450 га боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Коршиносони умури шаҳрсорзӣ мегуянд, заминаи бунёди ҳар як шаҳри ҷадид, аз таъмин намудани инфрасохтори он аз ҷумла обу барқ рушду ташаккул меёбад.