ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи рубл дар кишвар каме боло рафта, қурби доллару евро дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаст.
Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон 0.1 сомонӣ боло рафта, феълан бо нархи 116,8 сомонӣ муомилот мешавад. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод ба 116,8 сомонӣ баробар буд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.9249 сомонӣ ва евроро - 11.6427 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.9249 то 10.9600 сомонӣ, евро аз 11.6427 то 11.8400 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 116,9 то 118,5 сомониро ташкил медиҳад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.