Президентҳои Осиёи Миёна дар Қазоқистон ҷамъ меоянд

Ҳадафи мулоқоти навбатии роҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна баргузории машварат арзёбӣ мешавад, ки ба таҳкими ҳамгироӣ равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Омодагӣ ба мулоқоти сатҳи олии сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баррасӣ шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Манбаъ афзуд, ки дар пеш якчанд мулоқоти сатҳи олии бисёрҷониба дар назар аст. Аз ҷумла омодагирӣ ба саммитҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ низ баррасӣ шудаанд.
Дар назар аст, ки соли равон дар Қазоқистон инчунин вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ амалӣ шавад.
Чаро тоҷикон бо вуҷуди мушкилот ба Русия мераванд? Раҳмон сабабашро ба дипломати рус гуфт
Ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев зимни конфронси байналмилалии "Русия ва ҷаҳон: муколамаҳои - 2024. Қувваҳои ҷозиба" дар Душанбе ҷонибдории Маскавро аз таҳкими ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, Русия равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаро дастгирӣ мекунад ва мулоқотҳои мунтазами роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли масоили минтақавӣ мусоидат мекунанд.
Дар баробари таҳкими амнияти минтақавӣ, аз мақсадҳои афзалиятнок, мусоидат барои озодии ҳаракати коло, хадамот, сармоя ва нерӯи корӣ, гузарондани сиёсати ҳамоҳангшуда дар бахшҳои калидии иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар бозигарони ғайриминтақавӣ мебошад, гуфт сафир.