ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати авзоъ дар ҷаҳон ҳушдор дода, ба рушди Ватану афзоиши тавлидоти дохилӣ даъват намуд.
Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи қалъаи Хуҷанд, дар хитоб ба фаъолону масъулини вилояти Суғд хостори коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ӯ аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир зикр намуда, афзуд, ки дар ин шароит бояд ҳарчи бештар кор кард.
"Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем", - афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳо, алалхусус, дар самти коркарди маҳсулот, рушди ҳунармандиву косибӣ – атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, заргариву кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мавҷуданд.
"Ҳамчунин, мо бояд ҳар рӯзро барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ самаранок истифода барем", - таъкид намуд ӯ.
Даъвати Раҳмон ба рушди дохилӣ ва коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад.