Бозсозии қалъаи Хуҷанд дар ҳоли анҷомёбист - видео

Масъулони ҳукумати вилояти Суғд бо бунёди осорхонаи нав дар шаҳри Хуҷанд таърихи беш аз се ҳазорсола ва ҳунарҳои қадимии тоҷиконро эҳё карданиянд
Sputnik
Тармиму бозсозии диж ва ё қалъаи таърихии шаҳри Хуҷанд шаш соли пеш оғоз шуда, қарор аст, то нимаи апрел расман мавриди истифода қарор дода шавад., иттилоъ дод масъули бахши техникию истеҳсолии Идораи сохтмони вилояти Суғд, Давронҷон Ниёзов, ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, корҳои барқарорсозии осорхонаи таърихии Хуҷанд дар бештар аз 6 ҳектор доман густурда аз бахшҳои гуногун иборат будааст.
“Иншоот аз бинои осорхона, бинои маъмурӣ, қисмати девори ҷанубӣ, маҳаллаи кӯҳанбунёди шаҳри Хуҷанд, ки иборат аз 8 ҳавлиҳои қадимии ҳунармандӣ аст. Инчунин меҳмонхона, чойхона ва ҳаммомхона иборат мебошад” – таъкид кард Ниёзов.
Ин масъули идораи сохтмони Суғд, ҳадаф аз барқарорсозии осорхонаро инъикоси таърихи беш аз се ҳазорсола ва эҳё намудани ҳунарҳои қадимии тоҷикон аз ҷумлаи кӯлолгарӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, кошинкорӣ ва наққошӣ унвон кард.
Осорхонаи торихии Хуҷанд бори нахуст дар соли 1930 бунёд шуда, баъди ҳаштод сол дар соли 2006 он бозсозӣ шуда то имрӯз аз маконҳои серодам дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Боздиди беш аз 25 ҳазор сайёҳӣ хориҷӣ аз "Қалъаи Хуҷанд"
Ҳоло бо гузашти беш аз даҳ сол ба масъулони ҳукумат имкон даст додааст, то осорхонаи таърихии Хуҷандро эҳё кунанд, ки ба ин васила боз ҳам мурури одамон ба вижа сайёҳон ба ин мавзеъ бештар хоҳад шуд.
Наққошону мусаввирон ва кошинкорону дуредгароне, ки дар сохтмони ин иншоот ба кор фаро хонда шуданд, таъкид меварзанд, ки дар бунёди ин иншоот ҳунари синтезкунии ранги сангҳо ба таври фаровон истифода шудааст ва изҳори умедворӣ намуданд, ки самараи ин кору заҳмати онҳо садсолаҳо пойбарҷо хоҳад монд.