Зеленский аз ИМА кӯмакро илтиҷоъ дорад

Владимир Зеленский ба ширкати телевизион ва радиои амрикоии CBS News мусоҳиба дод. Қисме аз мусоҳиба, ки дар он сухан дар бораи музокироти эҳтимолӣ бо Русия меравад, бо саросемагӣ аз ҷониби бисёре аз расонаҳои дохилӣ паҳн карда шуд
Sputnik
.ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik, Евгений Балакин. Ва агар ба ҷузъиёт наафтед ва танҳо бо иқтибосҳои инфиродӣ аз мусоҳиба маҳдуд шавед, боварӣ ҳосил мекунед ки сарвари давлати душманон барои гуфтушунид зорӣ дорад.
Вале мо тасмим гирифтем, ки ҷузъиётро низ сарфи назар накунем ва маводро пурра омӯхтем. Пеш аз ҳама, аз иқтибоси пурраи Зеленский дар бораи музокирот ёдовар мешавем:
"Ғолиб шудан маънои кӯмак кардан ба Украина аз ҷиҳати иқтисодӣ, дар майдони ҷанг қавӣ будан ва аз ҷиҳати сиёсӣ кӯмак кардан аст. Ба мо лозим нест, ки тамоми қаламрави тасарруфшудаи худро бо роҳи низомӣ пас гардонем. Боварӣ дорам, ки вақте ӯ (Путин - шарҳи муҳаррир) он чизеро, ки аз соли 22 сар инҷониб забтшударо аз даст диҳад, боварии ҳатто он кишварҳоеро, ки то ҳол шубҳа доранд, ки Украинаро дастгирӣ кунанд ё не, комилан аз даст медиҳад ва дар дохили давлати худ низ қудратро аз даст медиҳад. Ва ҳангоме, ки ин рух медиҳад, ӯ омодаи муколама мешавад ( ӯ ҳеҷ гуна муколамаро намехоҳад). Ва ҳангоме, ки ӯ ба гуфтушунид омода мешавад, албатта, шарти байналмилалӣ бояд озод кардани қаламравҳои мо, якпорчагии арзии Украина бошад. Бо кадом роҳҳо ин имкон мегардад, чӣ қадар вақт лозим аст, кӣ бояд иштирок кунад, музокирачиён кистанд — ҳамаи ин дуюмдараҷа аст".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Калонтарин шикаст дар таърих": Дар ИМА аз амали Русия алайҳи нерӯҳои Украина гуфтанд
Ба матн бодиққат бидуни хаёлот нигоҳ кунед,: дар ин ҷо чизе нест, ки айнан онро ҳамчун "ногаҳонӣ рад кардани талаби асосӣ", омодагӣ ба "даст кашидан аз Қрим ва Донбасс" фаҳмидан мумкин аст, ки маҳз ҳамин тавр баъзе расонаҳои Русия ба суханони Зеленский баҳо доданд.
Аз як зовияи муайян метавон имконияти “гуфтушунид то расидан ба сарҳадҳои соли 1991” (яъне бидуни назорати ҷисмонии Киев бар Қрим) мушоҳида кард, аммо ин усули лафзӣ бо “вазъи байналмиллалӣ” “ягонагии ҳудудии Украина" истисно мегардад. Ҷои шак нест, ки вожаи “байналмилалӣ” пеш аз ҳама ба кишварҳое дахл дорад, ки аз режими Киев ҳимоят мекунанд ва Қримро эътироф намекунанд. Ва азбаски танҳо ҳафт кишвари ҷаҳон Қримро як ҷузъи Русия эътироф карданд (18 кишвари дигар зидди қатъномаи 68/262 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 28 марти соли 2014 ба тасвиб расида аз истиқлолият ва тамомияти арзии Украина тасвиб шуда буд, овоз доданд), интизори пуштибонии бешубҳа аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои манфиатҳои Русия як хушбинии беасос хоҳад буд.
Дар суханони ниҳоии Зеленский як ишораи дигари нарм шудани мавқеъҳояшро дидан мумкин аст: ӯ изҳор медорад, ки баргардонидани қаламравҳо бо қурбониҳои бузург алоқаманд хоҳад буд ва “росташро гӯем, одамон муҳимтаранд”. Аммо ин изҳороти “сулҳдӯстона”-ро дарҳол дигараш мувозинат мекунад: “Путин мехоҳад моро, ҳам қаламрав ва ҳам мардумро комилан нест кунад.” Бинобар ин, режими Киев ором намекунад ва барои баргардондани қаламравҳо ҳарчи бештари одамонро ба коми ҷанг мепартояд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Қрим гуфтанд, ки Украина ба зудӣ сулҳхоҳӣ мекунад
Боварӣ пайдо кардан, ки дар мусоҳибаи зайл Зеленский аломатҳои омодагӣ ба гуфтушунидро медиҳад, соддалавҳӣ аст, Баръакс, вай дигаргунии тактикаро эълон мекунад: ғалабаи ҳарбӣ ҳамроҳ бо ғалабаи сиёсӣ. Аммо зикри расонаӣ дар бораи сарҳадҳои соли 2022 аз ҷониби шахсе, ки қаблан ин ғояро шадидан рад карда буд, тасодуфӣ нест.
Мусоҳиба ба кӣ нигаронида шудааст? Пеш аз хама, барои тамошобинони Амрико. Дар тӯли 34 дақиқа бо забонҳои украинӣ ва англисӣ Зеленский борҳо аз кӯмак кардан ёдоварӣ мекунад.
Аввалан, вай иддао мекунад, ки нерӯҳои украинӣ тавонистаанд ҷабҳаро ба эътидол оваранд, аммо барои расидан ба баробарӣ бо Русия кумаки фаврии низомӣ лозим аст. Ва ӯ се чизро талаб мекунад: аз панҷ то ҳафт маҷмааи Patriot барои кушодани осмон ва пеш рафтан, тӯпҳо ва снарядҳо, инчунин мушакҳои дурпарвоз барои расонидани зарбаҳои "боздоранда" ба умқи қаламрави Русия. Зиёда аз ин, ин барои худи Иёлоти Муттахида хам фоиданок аст, зеро таъминоти яроқ обрӯи байналхалқии маҷмааи харбию саноатии онро баланд мебардорад ва баъдан 75—80 фоизи маблағи ҷудошуда дар худи ИМА мемонад.
Сониян, Зеленский изҳори таассуф мекунад, ки ба далели ҳаводиси Ховари Миёна ва ташаннуҷ дар атрофи Тайван, дар фазои иттилоотии байналмилалӣ аз Украина назар канда шудааст, дар ҳоле ки "ҷанге, ки Русия даҳ сол пеш алайҳи Украина оғоз кардааст" аз ҷиҳати аҳамият аз дигар рӯйдодҳо муҳимтар аст.
Трамп гуфт, ки метавонад моҷарои Украинаро тавассути музокирот ҳал кунад
Сеюм, вай таассуф мекунад, ки масъалаи ҷудо кардани маблағ барои Украина мавзӯи муборизаи сиёсӣ дар дохили Иёлоти Муттаҳида шудааст, аммо зарур аст, ки Конгресс дар бораи кӯмак ҳарчи зудтар ба мувофиқа расад, зеро "то интихобот зинда мондан лозим аст." Ва умедвор аст, ки новобаста аз натиҷаи интихобот, дастгирӣ қатъ нахоҳад шуд.
Аммо усули асосие, ки Зеленский аз он истифода мекунад, тарсондан аст. Агар конгресси ИМА ёрӣ нарасонад (ва он бояд "дирӯз" ёрӣ мерасонд), пас тамоми ҷаҳон зери хавф мемонад. Азбаски Путин рӯйдодҳои солҳои 80-90-ро намебахшад, тасарруфкориашро идома медиҳад: "Ҳоло мо, баъд Қазоқистон, баъд кишварҳои соҳили Балтика, баъд Лаҳистон, баъд Олмон - ҳадди ақалл нисфи Олмон. Ӯ ба он ҷо бармегардад." Дар натиҷа, Путин НАТО-ро "ба ҷанг мекашад" ва сарбозони амрикоӣ дар Аврупо мемиранд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд Украинаро "ҳозир" дастгирӣ кунад (пеш аз интихоботи моҳи ноябри ИМА ва ҳамлаи интизории Русия дар моҳҳои май-июн) - ва ин изҳорот ҳамчун риштаи сурх дар тамоми мусоҳиба мегузарад.
Зеленский барои зиёд кардани таҳдид мекӯшад симои Владимир Путинро боз ҳам воҳиманоктар нишон диҳад. Ин то ҳадде мерасад, ки "агар ӯ шахс бошад". Ва албатта, вай гуноҳи рӯйдодҳои Крокус Сити Холлро бар дӯши президенти Русия мегузорад, ки агар ӯ созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ ҳам набуд, дидаву дониста ба он иҷозат додааст, то ҷомеаро пеш аз ҳамлаи дарпешистода ба таври сунъӣ якҷо созад.
Даҳ сол якҷо: Таҷлили пайвастани Қрим ба Русия – акс
Ин як "формулаи соддаи Зеленский" аст: ҳама чизеро, ки имрӯз ба мо лозим аст, диҳед - ё фардо шумо бо Путин як ба як рӯ ба рӯ мешавед. Ва зикри сарҳадҳои соли 2022 инҷо табиист.
Он ҳам ба осебпазирии Украина ишора мекунад (бинобар ин "кӯмак кунед” ва худи "ҳозир") ҳамчун далели дершуда барои "муваффақиятҳои манфии" аксулҳуҷум, ки дар давоми он бояд ба сарҳадҳои соли 1991 мерасид, хидмат мекунад. Мо кӯшиши бозӣ кардан бо тарси шахсони тасмимгиранда дар Иёлоти Муттаҳида мебинем ва ин мусоҳиба то андозае ба онҳо далеле барои пешбурди тасмими ҷонибдории Украина дар Конгресс пешниҳод кардан аст, аммо дар бораи даст кашидан аз "талаботи асосӣ" сӯҳбат кардан бармаҳал аст. Зеленский хостори музокира бо Русия нест, балки аз Иёлоти Муттаҳида кумаки низомӣ мехоҳад.
Аммо аскарони мо ҳар қадар пеш раванд, сарвари давлати пошхӯрда ҳамон қадар зудтар мефаҳмад, ки ба кӣ ва бо кадом забон илтиҷо кардан зарур аст.