Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад

Раисҷумҳури Русия муҳим хонд, ки фоҷиаи рухдода дар "Крокус Сити Холл" набояд барои афзоиши исломбезорию бегонаситезӣ мусоидат кунад
Sputnik
Русия ба шахсоне, ки фармоиши ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-ро содир кардаанд, хоҳад расид, изҳор дошт президент Владимир Путин.
Ӯ зимни суҳбат дар ҳузури мақомдорони Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҳоло дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот тафтишоти ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март идома дорад.
"Барои мо муҳим аст, ки на танҳо омилони бевосита, балки тамоми ҳалқаҳои занҷир, ҷинояткори ниҳоӣ, баҳрабардорони ин ҷиноятро муайян кунем", - изҳор дошт Путин.
Ӯ гуфт, муҳити террористӣ агентҳои боэътимод вуҷуд надоранд, чун дар он ҷо корҳоро на бо назардошти ҳар гуна мулоҳизаҳои динӣ ва сиёсӣ, балки танҳо бо ҳадафҳои молӣ мекунанд.
"Ҳама чиз осон фурӯхта мешавад. Ҳама гуна маълумотро харидан мумкин аст. Аз ин рӯ, мо ҳатман ба муштариёни ниҳоӣ мерасем", - таъкид кард президент.
Муттаҳамон ба терроризм дар Доғистон низ аз Осиёи Миёна будаанд
Путин итминон дод, ки "мо ҳатман ба онҳо мерасем", зимни суҳбат дар бораи онҳое, ки фармони ҳамлаи террористиро додаанд.
Онҳое, ки аз ин силоҳ алайҳи Русия истифода мешавад, бояд бифаҳманд, ки он дутарафа тез аст, ҳушдор раисҷумҳур.

Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"

Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда то ҳол 10 нафар бо қарори додгоҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд.