Маскав ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ гирифтааст

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Маскав мардумони зиёдеро аз кишварҳои мухталиф ҷамъ меорад ва барои онҳо консерт, намоишҳо ташкил карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Маскав барои таҷлил аз Рӯзи байналмилалии Наврӯз омодагӣ гирифтааст.
Ин иди баҳор имсол 23 март бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии Маскав таҷлил мешавад.
Мавзӯи асосии чорабинӣ арзишҳои оилавӣ хоҳад буд, зеро соли 2024 дар Русия Соли оила эълон шудааст.
Пойтахти Русия ин ҷашнро 18-ум бор аст, ки ҷашн мегирад.

"Наврӯз як навъи "пули давру замон" аст. Ба ҳамин гуна алоқамандӣ ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии халқҳои мо такя мекунад, — гуфт сардори Департамент Виталий Сучков.

Ба гуфтаи вай, минбаъд низ арзишҳо, фарҳанг ва расму оинҳои мардумӣ ва ба кӯдакон мерос мондани онҳо ҳифз шавад.
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
Тамошобинон консерти идонаеро тамошо хоҳанд кард, ки дар он овозхонон ва дастаҳои раққосии тоҷикон, ӯзбекҳо, тоторҳо, қирғизҳо, бошқирҳо, курдҳо, чувашҳо иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро Ноҳиди Зейналпур ва ансамбли рақсии тоҷикии "Санам"-и Маскав ва ансамбли кӯдаконаи "Шохаҳои Помир" намояндагӣ мекунанд.
Ҳунармандагони студияи Игор Моисеев "Рақси бошқирӣ"-ро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки сарояндаи маъруфи эстрадаи Русия, овозхони халқӣ Лев Лещенко суруд бихонад.
Таҷлили Наврӯз ба таври маҷозӣ баргузор ва пахши мустақими он 23 март аз соати 14 то 20 дар сомонаи лоиҳа, инчунин дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “ВКонтакте” метавон тамошо кард.
Қарор аст дар ин ҷашн намоиши мӯд сурат бигирад, ки дар он либосҳои арӯсии мардумони таҷлилкунандаи Наврӯз намоиш дода шаванд.
Дар чаҳор ноҳияи пойтахт табақи бузурги сабзаи суманак гузошта шуд
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.
Наврӯз дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
ИН ҷашн инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ таҷлил мешавад.