Яккачини Тоҷикистон барои рақобат бо Арабистон вориди Риёз шуд

Паc аз ин рақобат яккачини Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар майдони худ, рӯзи 26 март бозии ҷавобӣ доир мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои рақобат бо Арабистони Саудӣ вориди Риёз шуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ, ин бозии сеюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" хоҳад буд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ шомил хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
"Истиқлол"-и Душанбе сармураббии нав ёфт: ӯ кист?
Сармураббии нав 2 бозигари нав Меҳрубон Каримов ва Муродалӣ Ҳақназаровро даъват намудааст.
Ба ҳайси дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (аз "Истиқлол"), Далерҷон Баротов ("Истаравшан") даъват гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин бозиҳои тими Тоҷикистон дар аҳди сармураббии нав Шекалидзе мебошад, ки ахиран ба ҷои Петр Сегрт ба мақоми сармураббӣ омад.
Бозии ҷавобии дастаҳо бошад, рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 баргузор мегардад.
Гела Шекиладзе қаблан ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаҳои "Динамо-Батуми" (Гурҷистон), "Лйерс" (Белгия), "Руселаре" (Белгия), "Арсенал" (Украина) ва ССКА (Украина) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин дар ҳайати тими миллии кишвараш 22 бозӣ анҷом додааст.
Шекиладзе аз соли 2007 то 2011 ба ҳайси сармурабби дастаҳои миллии Гурҷистон аз қабили U-15, U-16, U-19 ва U-21 фаъолият намудааст.
Ҳамчунин, вай ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Гела Шекиладзе дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи "Pro"-и УЕФА мебошад.