Барномаҳои асосии наврӯзии Тоҷикистон ба таъхир афтод: сабаб?

Ҳукумати шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро аз тағйири санаи таҷлили Нарӯз дар ноҳияҳо ва “Карнавали Наврӯзӣ” огоҳ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Барномаҳои асосии наврӯзие, ки дар Душанбе дар назар аст, барои як рӯз ба таъхир афтоданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тантанаҳои наврӯзӣ, мебоист рӯзҳои 21 ва 22 доир мешуд, аммо акнун рӯзи 23 март дар назар гирифта шудааст.
Сабаб ҳаво тағйирёбанда дар пойтахт ва пешгӯии борони шадид гуфта шудааст.
Наврӯз-2024: тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ба иттилои шаҳрдорӣ, барномаҳои фарҳангии Наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24 март, дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мегарданд.
Ба гуфтаи манбаъ, барномаҳои наврӯзии ноҳияи Шоҳмансур дар боғи Куруши Кабири, ноҳияи И.Сомонӣ дар боғи ба номи С. Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар боғи ба номи. Фирдавси ва дар боғи Умари Хайём тантанаҳои ноҳияи Сино баргузор мешаванд.
Наврӯз ба рӯзи панҷшанбе рост меояд. Ҳамин тавр дар ҷумҳурӣ аз Душанбе то чаҳоршанбе рӯзи корӣ аст.
Ва баъд аз 20 март шаҳрвандони Тоҷикистонро таътили баҳорӣ - истироҳати 6-рӯза истироҳат интизор аст.