Интихоботи президенти Русия

”Қарзи шаҳрвандии ҳар як фард”: Раъйдиҳанда дар Душанбе ҷараёни интихоботро шарҳ дод

Дар Душанбе барои нафароне, ки бори аввал дар интихоботи президентӣ иштирок доранд туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Омадани раъйдиҳандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ Тоҷикистон, идома дорад.
"Мо барои иҷрои вазифаи шаҳрвандии худ омадаем, ҳар як шахс бояд омада раъй диҳад. Русия пояи муҳими ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ аст", - гуфт яке аз раъйдиҳандагон дар Душанбе Хол Холов.
Вай гуфт, ки бо фарзандонаш барои овоздиҳӣ омада, қарзи шаҳрвандии худро иҷро кардааст.
"Имрӯз ҷашни умумӣ аст. Барои Тоҷикистон, барои Русия ва барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, ки ҳоло дар ҳайати ИДМ мебошанд", - мегӯяд ӯ.
Дар Душанбе дар бинои шӯъбаи консулгарии Сафорати Русия ҳавзаи интихоботӣ боз шудааст. Барои нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок доранд, туҳфаҳои хотиравӣ, лента ва нишонҳои сарисинагӣ тақдим мекунанд.
Як ҳавзаи дигар дар ҳудуди Консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд фаъолият дорад, чаҳор ҳавзаи дигар барои низомиёни пойгоҳи низомии 201 ва аъзои хонаводаи онҳо – дар Душанбе ва Бохтар боз шудааст.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Интихоботи президенти Русия
Сафири Русия аз мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили интихобот изҳори сипос кард
Раъйдиҳӣ тӯли се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад ва чаҳор номзаде, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия сабти ном шудааст, барои курсии раҳбари давлат: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин рақобат доранд.
Овоздиҳӣ соати 20:00 ба охир мерасад, охирин минтақаи дар он раъйдиҳӣ ба анҷом мерасад вилояти Калинингради Русия хоҳад буд.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла 6 ҳавзаи интихоботӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.