Интихоботи президенти Русия

“Дар ҷаҳон бесобиқа аст”: Нозир аз Тоҷикистон дар бораи интихобот дар Русия – видео

Намояндаи Тоҷикистон дар Асаблеяи байнипарлумонии ИДМ гуфт, раъйдиҳии фосилавӣ, ки бесобиқа аст дар ҷаҳон, дар сатҳи баланд ташкил карда шудаст
Sputnik
Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ назорати кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати интихоботро дар кишварҳои узви Иттиҳод анҷом медиҳад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори порлумони Тоҷикистон дар Асаблеяи байнипарлумонии ИДМ Абдухалил Ғафурзода хабар дод.
Маълум шуд, ки то ҳол дар Тоҷикистон чанд шаҳрванди Русия пушти сандуқҳои раъй рафтанд
"Дар аввали моҳи март мо аз маъракаи интихоботии аҳзоби сиёсӣ дар Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо ба назорати ҷараёни интихоботи президентии Русия шурӯъ кардем", - гуфт ӯ.
Ғафурзода тавзеҳ дод, ки нозирон рӯзи 4-ум аст, ки дар Маскав ҳузур доранд ва аз ҷараёни раъйдиҳии электронии фосилавиро назорат мекунанд.
"Имрӯз рӯзи сеюми овоздиҳӣ аст, ки раъйдиҳандагон шахсан пушти сандуқҳои раъй мераванд. Мо марҳилаҳои омодагиҳоро дар ҳавзаҳои интихоботӣ аз назар гузаронидем", - гуфт намояндаи Тоҷикистон.
Сафири Русия аз мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили интихобот изҳори сипос кард
Номбурда қайд кард, ки раъйдиҳии фосилавӣ, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст, дар сатҳи баланд ташкил карда шуд.