ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Таеквондочии тоҷик Мунира Абдусаломова роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои иманбаъ, Абдусаломова дар рӯзи дуюми мусобиқаи интихобӣ дар Чин аз худ дарак дода, муқобили намояндагони АМА ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ гирифт.
Ӯ дар вазни 67 кило рақобат карда, бар ҳарифонаш датсболо гардид.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо дар қораи Осиё 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.
Ҳамакнун ин чорум роҳхати олимпии варзишгарони мо мебошад. Қаблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро гирифта буданд.
Гуфта мешавад, ки Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон ба ин мусобиқа 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) , Мунира Абдусаломоваро сафарбар карда буд.
Аммо дар рӯзи якуми мусобиқа таеквондочиёни мо Муҳаммадҷон Суннатов зери вазни то 68 кг ва Моҳру Ҳалимова зери вазни то 67 кг дар даври аввал мағлуб шуданд.