ДУШАНБЕ, 14мар — Sputnik. Мутахассиси 56-солаи итолиёвӣ Марко Раҷини сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд, иттилоъ додаааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, таҳти роҳбарии Марко Раҷини дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.
Марко Раҷини мураббии футболи итолиёвӣ ва Сан-Мариногӣ мебошад. Ӯ фаъолияти мураббигияшро дар Сан-Марино оғоз намудааст. Давоми солҳои зиёд Раҷини ба ситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва дастаи асосии Сан-Марино дохил буд. Вай чанд сол дар Швейтсария кор кардааст. Ҳамчунин дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад.
Аз соли гузашта Марко Раҷин ба ҳайси директори техникии Академияи "Ювентус" дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа менамояд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, ки мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таъйин шуд.
Манбаъ қайд кард, ин мутахассиси хориҷӣ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Милош Костич дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои "Срвена Звезда" (Сербия), "Железничар" (Босния ва Ҳерсеговина), "Ахарнаикос", "Ираклис", "Трикала" (ҳама аз Юнон), "Люфтетари" (Албания) ва "Сент-Трюден" (Белгия)-ро роҳбарӣ намудааст.