ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов роҳхати сеюми олимпиро дар риштаи бокс барои Тоҷикистонро ба даст овард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Усмонов дар 1-ум мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс, ки 3-11 март дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия доир гашт, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро соҳиб шуд.
Манбаъ афзуд, ки намояндаи Тоҷикистон дар чор давр бар намояндагони Маврикий (Луис Колин), Марокаш (Нодир Абдулҳақ), Куба (Эрисленди Алварез) ва Ҷопон (Шион Нишияма) дастболо шуд.
Барои Усмонов маротибаи дуюм хоҳад буд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳад кард. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад.
Дар умум то ҳол ин сеюм роҳхати олимпии варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи бокс мебошад.
Пештар дар Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин ду нафар муштани дигари тоҷик, Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Давлат Болтаев (-92 кг) роҳхати олимпӣ ба Порис гирифта буданд.
Мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпии дигар дар намуди бокс аз 26-уми май то 2-юми июн дар Бангкоки Тайланд доир мегардад, ки он барои муштзанҳо охирин шонси гирифтани роҳхати олимпӣ хоҳад буд.