Дар замони ҳукмронии ҳукумати амрикоипараст дар Афғонистон лоиҳаи CASA-1000 рӯи кор омада буд, изҳор дошт, сардабири нашрияи "Геоэнергетика Инфо", Борис Марсинкевич дар сӯҳбат бо Sputnik.
Ба гуфтаи муаллифони тарҳ, хати интиқоли барқи 1000 кВт бояд интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистонро таъмин кунад.
"Лоиҳа то ҳол на танҳо ба далели мушкилот дар Афғонистон, балки ба далели нобаробарии мавсимӣ дар тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии ду ҷумҳурии кӯҳистонӣ амалӣ нашудааст", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, дар тобистон ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон дорои нерӯи барқ зиёдатӣ мебошанд ва дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ дучор мешаванд.
Таҳлилгар афзуд, чунин номутавозуниро танҳо тавассути афзоиши тавлидот бартараф кардан мумкин аст, ки дар солҳои наздик дурнамои ин ҷо метавонад васеътар шавад.
Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) барои содироти нерӯи барқ , пайвастани системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Афғонистон ва Покистонро пешбинӣ мекунад.
Таҳияи асосҳои техникӣ-иқтисодӣ соли 2011 анҷом ёфта, дар назар аст, ки Қирғизистон дар чаҳорчӯби CASA-1000 ҳудуди 40% ва Тоҷикистон 60%-и интиқол ба Покситонро таъмин созад.