Тоҷикистон бо таъми рамён: чаро дар кишвар таваҷҷӯҳ ба ҳар чизи кореягӣ меафзояд

Фарҳанги кореягӣ, ки аз даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон реша давонда буд, тавассути силсилафилмҳо, таомҳо ва парастиши зебоӣ маъруфияти зиёдтар пайдо мекунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Барои бисёре аз тоҷикистониён, бахусус насли наврас, талабот ба ҳама чизи кореягӣ – таомҳои тезтайёр, косметика, услуб ва намоишҳои телевизионӣ як навъ пайравии даҳсолаи ахир аст.
Аммо таърихи равобити мутақобилаи Тоҷикистону Корея тақрибан сад солро дар бар мегирад. Дар ҷумҳурӣ ҷамъияти кореягиҳо дар солҳои 1930 пайдо шуд, маҳз ҳамон вақт кӯчидани кореягиҳо аз ватанашон, ки он вақт дар ҳайати империяи Ҷопон буд, ба Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.
Кореягиҳо ба воқеияти шӯравӣ ва тоҷикӣ комилан ҳамоҳанг шуданд, вале дар баробари ин расму оинҳои худро эҳтиёткорона нигоҳ медоштанд. Дар бораи он, ки фарҳанги кореягӣ ва одатҳояшон дар сарзамини Тоҷикистон чӣ гуна нафаси тоза гирифт ва маҳз дар байни шаҳрвандони оддӣ чӣ маҳбубият дорад, дар матлаби Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Шӯҳрати байналмилалӣ
Пас аз даҳсолаҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони истиқлолият, талабот ба фарҳанги кореягӣ, ки аз Шарқи Дур омад, миёни ҷавонон, албатта, асосан ҷавонони Душанбе ва Хуҷанд, ба шарофати мусиқии поп ва маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ якбора афзуд.
Долларзудоӣ, "Бозиҳои оянда" ва "Шаби қаҳрамонҳои IBA", – моҳи феврал дар Тоҷикистон
Дар соли 2012 рэпсаро PSY бо нашри видеои худ ба суруди Gangnam Style дар ҷаҳони фарҳанги поп ҳангомаэҷод кард. Лаҳзае, ки дар ИДМ K-pop якбора шӯҳратёр гардид. Дар омади гап, суруд ва клипи он имрӯз ҳам тамошобоб аст ва дар шабакаи интернет аллакай зиёда аз 5 миллиард нафар онро тамошо кардаанд.
Пас аз нашри Gangnam Style, ба фарҳанги Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳ хеле зиёдтар шуд, аммо аслан истилоҳи "мавҷи Корея" ё "Ҳаллию" - паҳншавии фарҳанги муосири Кореяи ҷанубӣ дар саросари ҷаҳон - ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 1990 пайдо шуда буд.
Дере нагузашта пас аз видеоҳои вирусӣ ва мусиқӣ, силсилафилмҳои телевизионии кореягӣ низ маъруфият пайдо карданд. Машҳуртарини онҳо, албатта, "Бозии калмар" аст, гарчанде силсилафилмҳои кореягӣ - дорамҳо дар байни тамошобинони алоҳида, вале содиқ хеле пештар маъруфият пайдо карданд. Нахуст онҳоро мухлисони ҳавасдошта дар Русия ва Корея тарҷума мекарданд ва аз онҷо дорамҳо вориди ҷомеаи мухлисони тоҷик мешуданд.
Дар Тоҷикистон пеш аз он, ки мавҷи Корея ба маҷрои асосӣ табдил ёбад, шавқ ба дорамҳо бо нашри филми "Ворисҳо" авҷ гирифт. Сипас соли 2013 табодули дискҳои намоишҳои дӯстдоштаи кореягӣ маъмул шуд.
Аммо дар он замон мӯди тамошои дорамҳо нисбати сислсилафилмҳои туркӣ, пеш аз ҳама "Асри боҳашамат" хеле пасттар буд ва ба истиснои шумораи ками мухлисон, аз ҷониби аксари ҷомеа нодида гирифта мешуд.
Ривоятҳои асроромези Тоҷикистон, ки ҳар касро ба ҳайрат меоранд
Аммо фарҳанги кореягӣ дар саросари ҷаҳон ва аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам маъруфият пайдо мекард. Намунаи навтарин филмномаи кореягӣ"Паразит" аст, ки барандаи чандин ҳайкалчаи “Оскар” аст. Имрӯз маводҳои Кореяи Ҷанубӣ дар шабакаҳои машҳур намоиш дода мешаванд ё дар шабакаҳои махсус пахш карда мешаванд. Ва "Бозии калмар" сабаб шуд, ки маводҳо дастрастар ва гуногунтар шаванд.
Ҳамин тариқ, тамоюли ҷаҳонии кореягӣ ба Тоҷикистон низ расидааст. Вале бояд иброз дошт, ки он бештар дар Душанбеву Хуҷанд ба назар мерасад.
Даврҳои забономӯзӣ ва ҷомеаҳо.
Тамоюли асосии мухлисони ҳақиқии фарҳанги Корея, ки мехоҳанд пурра ба он ғутавар шаванд, омӯзиши забон аст. Ҳавасмандии ҳар кас ба омӯхтани забони кореягӣ гуногун аст; баъзеҳо мехоҳанд ба Корея барои таҳсил ё кор бираванд, дар ҳоле ки дигарон мехоҳанд бифаҳманд, ки сарояндаҳои дӯстдоштаи онҳо дар бораи чӣ месароянд ё мехоҳанд намоишҳои дӯстдоштаи худро бо забони асл тамошо кунанд.
Имрӯзҳо шумо метавонед забони кореягиро на танҳо маҷозӣ омӯзед. Дар Душанбе ва Хуҷанд марказҳо ва даврҳои махсус вуҷуд доранд: -Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Кореяи Sejong Hakdang 2, Гӯшаи кореягӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, гурӯҳи таълимии Arkon дар Хуҷанд.
Ба маъруфияти фарҳанг фаъолияти Сафорати Корея низ мусоидат мекунад, ки мунтазам фестивалҳо, озмунҳо ва аксияҳои гуногун барои хоҳишмандон баргузор мекунад. Одатан, дар ин чорабиниҳо шумо метавонед сурудҳои машҳури кореягиро гӯш кунед ё намоиши мусиқиро бо услуби анъанавӣ, аз ҷумла навохтани асбобҳои зарбӣ, рақси кореягӣ тамошо кунед ва ё операи кореягиро гӯш кунед.
Бозии бузурги империяҳо: Сарҳадҳои муосири Осиёи Марказӣ чӣ гуна пайдо шуданд?
Илова бар муҳаббат ба омӯзиши забонҳо, одамон ба сурудхонӣ ва рақс таваҷҷӯҳи бештар пайдо карданд, гарчанде он барои доираи маҳдуд хос аст. Дар Душанбе машҳуртарин ҷомеаи манфиатдори K-pop гурӯҳи Baksu аст.
Аъзоёни онрасман дар чорабиниҳои гуногуни пойтахт ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ҷамъиятҳои онлайнӣ низ вуҷуд доранд, ки машҳуртарини онҳо гурӯҳи мухлисони BTSмебошад, - як гурӯҳи Кореяи Ҷанубӣ, ки соли 2013 таъсис ёфта, дар саросари ҷаҳон мухлисони зиёд дорад.
Мавқеи “бо пул дастгирӣ кардан”, ба ибораи дигар, пул додан барои шабакаҳои пулакӣ, дар Тоҷикистон ҳанӯз чандон маъмул нест. Қисман аз сабаби нархҳои баланд ва худдории оддӣ азпардохт, вақте ки имкон дорад, ки мусиқиро ройгон аз шабака зеркашӣкунед.
Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад
Қисман аз сабаби дастрас набудани худи хидматҳо дар кишвар. Аммо мухлисони фаъоли санъаткорони Корея (ва як қатор дигар сарояндаҳои хориҷӣ) тайёранд, ки бо ин мушкилӣ мубориза баранд ва дастгирӣ кунанд. Ба корбарони шабакаҳои иҷтимоъии инглисизабон дар Тоҷикистон гоҳ-гоҳ бо забони инглисӣ чунин паёмҳомеоянд:
"Салом, шумо аз Тоҷикистон ҳастед? Ман мухлиси фалон гурӯҳ ҳастам ва мо ният дорем, ки онро низ дар iTunes-и Тоҷикистон ба ҷои аввал пешбарӣ кунем. Метавонед ба мо кӯмак кунед, ки ягон сурудро дар iTunes харем? Ман метавонам пул пардохт кунам ва ҳатто 4 нусха мефиристам, барои гирифтани №1. Ман умедворам, ки шумо ба ман кӯмак карда метавонед."
Хӯроки тезтайёр, косметика ва лавозимот
Аксари меҳмонони кишвар аксаран мегӯянд, ки таомҳои кореягӣ дар Тоҷикистон яке аз болаззаттарин таомҳо дар ИДМ ҳастанд. Барои ин ташаккур ҷамъияти кореягиҳо.
Аммо ба ҷуз аз сабзӣ, кимчӣ ва дигар хӯришҳо, дар Душанбе ва Хуҷанд муассисаҳои таомҳои кореягӣ зиёд шуда истодаанд, ки ба онҳо ҳамеша талабот зиёд аст. Боз ҳам ба шарофати одат ба хӯришҳои анъанавии кореягӣ. Махсусан угроҳои рамен дар байни ҷавонони Душанбе маъмул аст, ҳарчанд таомҳои дигари таблиғоти дорамҳо ва K-pop низ ҳаводорони худро пайдо мекунанд.
Эълони оғози Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Падидаи дигар ин парастиши ҷавонист. Кореягиҳо дар Корея мекӯшанд, ки ҷавониро ба шарофати тарзи ҳаёти солим, таваҷҷӯҳ ба ҷарроҳии пластикӣ ва косметология то ҳадди имкон нигоҳ доранд.
Навъи офаридашуда ва тавсифшудаи зебоии Корея мӯд шудааст, аз ин рӯ косметикаи Корея як навъ аломати сифат шудааст. Теъдоди мағозаҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон тааҷҷубовар аст, маҳсулоти Корея на танҳо бо сифати худ, балки бо тарҳи ғайриоддӣ низ қадр карда мешавад.
Боз ҳам, таъсири фарҳанги k-pop вуҷуд дошт, шояд ҳатто аз ҳад зиёд ва махсусан муфид ҳам набуд. Гап дар сари он аст, ки меъёри зебоии кореягӣ як идеали мутлақро тақозо мекунад: намуди идеалии баробар, чеҳраи сафедпӯст, бе доғ ва хол, чун дар ашъори Шерозӣ ва Рӯдакӣ - зебоии лӯхтаконаи сафолин.
Аз ин рӯ, маҷмӯи хеле зиёди косметикаи нигоҳубини пӯст барои ҳама ҳолатҳо ва ҳар гуна буҷет вуҷуд дорад. Ва албатта, ин ба мухлисони мӯди дар Тоҷикистон хеле писанд омад.
Дар мавриди либос ва лавозимот бошад, дар Тоҷикистон онҳоро асосан афроди кӯчак, вале дар пасманзари либоспӯшии стандартӣ намоён, ҷавонони субмаданият, бартарӣ медиҳанд.
Бо вуҷуди ин, иқтидори тиҷоратӣ ва ҷолибияти тасвирии фарҳанги Корея аз ҷониби якчанд мағозаҳо ба монанди Sou-Sou зуд эътироф карда шуд. Ва дарҳол онҳо рафҳоро бо маводҳои канселярии аҷиб, нишонҳо, часпакҳо ва ашёи либоспӯшӣ пур карданд, ки ба он на танҳо намояндагони субмаданият, балки оилаҳои ҷавони фарзанддор, ки ҳамеша ҳама чизи нав, технологӣ пешрафтаро бо хурсандӣ қабул мекунанд,таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Умуман, ҳама он чизе, ки ба шарофати он фарҳанги Корея дар Тоҷикистон маъмул мегардад.