Афзоиши савдо миёни Суғду Бодканд ва умеди сокинон аз кушодани марзҳо - видео

Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ меёбанду дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд
Sputnik
Савдо миёни Суғду Бодканд моҳ ба моҳ густариш ёфта истодааст, изҳор дошт сардори Сарраёсати омор дар вилоят, Ҳокимбек Накҳатзода зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар се моҳи охири соли 2023, ҳаҷми гардиши савдо ба 273 ҳазор доллар баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба 9 моҳи оғози сол беш аз 50% афзудааст", - гуфт ӯ.
Дар умум тиҷорат миёни вилоятҳои Суғду Бодканд соли гузашта ба зиёда аз ним млн доллар баробар шудааст, ки нисфи он дар поёни сол ҳосил шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 4 км марзро мувофиқа карданд
Ба иттилои ин манбаъ, давоми моҳи январи соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни Суғд ва Бодканд ба 84 ҳазор доллар расидааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд гуфта мешавад.
Дар бозорҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд садҳо нафар ба тиҷорат машғул шуда, ба ин васила рӯзӣ ёфта, дар ғанигардонии буҷаи кишварҳо саҳм мегузоранд.
Ба гунаи мисол чунин бозорҳои наздимарзӣ дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ дар шаҳри Исфара, бозори яклухтфурӯшии молҳои кишоварзӣ дар деҳаҳаои Қаробоғ, Самарқандак ва Равоти ноҳияи Бодканд фаъолият мекунанд.
Яке аз тоҷирони бозори “Сурх” дар шаҳри Исфара, Абдурофеъ Каримов мегӯяд, боре, ки аз ин бозор мехарад то ба фурӯшгоҳҳои кишварҳои Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад ва аз ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекунад.
“Қариб 30%-и бори мардумро қирғизҳо гирифта, то Ошу Бишкек ва Қазоқистон мебурданд. Шахсан худам то Ошу Бодканд бор бурда мефурухтам”- зикр кард Каримов.
Ин тоҷири бозор изҳори умедворӣ кард, ки рӯзе марзҳо аз нав боз мешаванд ва аҳолии наздисарҳадӣ дубора робитаҳои тиҷоратии худро ривоҷ медиҳанд.
Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам 987, 6 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 889,45 километри он муайян шудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ азм доранд, хати боқимондаи марзро бо дарназардошти манофеи ҳардуҷониб муайян кунанд.