Лоиҳаҳоро метавон байни кишварҳои ИДМ, Русия ва Афғонистон инкишоф дод, мегуяд доктори илмхои иктисодӣ Вячеслав Некрасов, аъзои раёсати Шурои тиҷоратӣ дар умури рушди ҳамкории иқтисодӣ бо ҷумурӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия.
"Афғонистон ба маводи ғизоӣ, молҳои гуногуни Русия ниёз дорад. Афғонҳо ҳатто пешниҳод карданд, ки як хонаи тиҷоратии Русия ташкил намоянд, ки аз он таҷҳизот, либос ва ғизо харидорӣ кунанд", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи вай, афғонҳо бештар ба маҳсулоти ғизоии Русия эътимод доранд ва ин корро хеле зуд ташкил кардан мумкин аст. Шаҳрвандони сарватманди Афғонистон, ҳатто агар ба далелҳои амниятӣ берун аз кишвар зиндагӣ кунанд ҳам, омодаанд сармоягузорӣ кунанд.
Лоиҳаи дарозмуҳлат мавҷуданд, ба монанди сохтмони роҳи оҳан. Чунин ташаббусҳо аллакай таҳия шудаанд, аз ҷумла бунёди тақрибан 5,5 ҳазор километр роҳҳо, ёдовар шуд ӯ.
"Ин танҳо кишварро тағйир диҳад ва метавонад онро на ба кайҳон балки наздикии он расонад", - мегӯяд Некрасов.
Коршинос ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Афгонистон дар лоиҳаҳои кайҳонӣ низ ширкат мекард — он вақт яке аз афгонҳо ба кайҳон сафар карда буд.
Коршинос ҳамчунин бахши нафту газро ояндадор номид. Дар Афғонистон конҳои бисёри канданиҳои фоиданок мавҷуданд, ки онҳоро геологҳои Шӯравӣ солҳои 60—70-ум кашф карда буданд.
Некрасов, азхудкунии ин конҳоро хуле муҳим медонад, хусусан ҳозир, ки чаҳон ба захоир бештар эҳтиёҷ дорад.