ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тавлиди барқ дар Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта ба таври қобили таваҷҷӯҳ афзудааст, аммо мардум ҳанӯз бо маҳдудидят барқ мегиранд.
Тавозун бояд миёни тавлид ва истифода баробар бошад, ба ин маънӣ, ки оби энергетикӣ барои истеҳсоли ҳаҷми зарурии барқи мавриди истифодаи истеъмолкунандагон кофӣ бошад, изҳор дошт раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Маҳмадумар Асозода, дар шарҳи масъала ба суоли Sputnik Тоҷикистон.
“Ҳарчанд ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъол шуданд, аммо дар сатҳи поёнӣ ва тавоноии онҳо пурра истифода намешавад, ҳаҷми истифода ё истеъмоли барқ дар кишвар рӯз ба рӯз боло меравад. Иқтисод, ки пеш рафт, корхонаҳои нав ба вуҷуд меоянд ва талабот меафзояд”, - гуфт Асозода.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, адами тавозун ё камбуди барқ дар Тоҷикистон дар айёми тирамоҳу зимистон ба зиёда аз 1 млрд кВт соатро ташкил мекунад.
Муҳаммадумар Асозода афзуд, маҳз ҳамин адами тавозун, ки ҳаҷми истеҳсол ҳаҷми истеъмолро рӯпӯш карда наметавонад, мушкили камбуди барқро эҷод мекунад, он ҳам дар мавсими тирамоҳу зимистон, зеро дар ин айём бо вуҷуди ба кор даромадани марокизи барқу гармидиҳӣ, ҳамон барқи аслӣ аз об ҳосил мешавад.
“Дар мавсими тирамоҳу зимистон ҷараёни об коҳиш меёбад ва “Барқи тоҷик” бо муайян кардани тавозуни оби энергетикӣ пешниҳодҳои худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа мекунад ва тасмим гирифта мешавад, ки тақсими барқ низ аз рӯи реҷа ба роҳ андохта шавад то замоне, ки ҷараёни об ба эътидол ояд”, - гуфт раиси "Барқи тоҷик”.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ширкате, ки бо интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон машғул аст, соли гузашта 22,1 млрд кВт соат ё 2,7% бештар аз соли 2022 (21,5 млрд кВт соат) барқ интиқол додааст.
Талафоти барқ 3,4% ё 0,013% камтар аз соли 2022 (3,4%) аст. Дар умум соли 2023 тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон 21,6 млрд кВт соатро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2022 ҳудуди 453 млн киловат соат зиёд аст.
Аз ин рақам қариби 16,5 млрд киловат соат ба худи “Барқи тоҷик” рост меояд ва дар ин рақам беш аз 1,2 млрд киловат соат саҳми марокизи барқу гармидиҳӣ аст. Бақия беш аз 5 млрд киловат соат аз неругоҳҳои “Сангтӯда-1” (2, 5 млрд), “Сангтӯда-2” (906 млн) ва “Роғун” (1,6 млрд) ва ҳам ҳудуди 900 млн киловат соат аз Ӯзбекистон харидорӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ахбори расонаҳо дар бораи афзоиши содироти барқ ба Афғонистонро рад карда гуфт, дар айёми тирамоҳу зимистон ба ин кишвар аз 30 то 40 мегават соат барқ содир мешавад.
“Он ҳам ба хотири фаъол нигаҳ доштани ҳамон хатти 110-киловолтаест, ки низоми энергетикии миёни ду давлатро таъмин мекунад”, - гуфт Асозода.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, дар соли 2023 Тоҷикистон наздики 2,7 млрд киловат соат, аз ҷумла ба Афғонистон (1,6 млрд), Ӯзбекистон (907 млн) ва Қазоқистон (14м млн кВт соат) барқ содир шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 124 миллион киловат соат зиёд аст.
Ба ҳамин минвол, барқе, ки “Барқи тоҷик” ба дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш расондааст, наздики 18,7 млрд кВт соатро ташкил мекунад.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҷуз шаҳрҳои бузург, дар саросари Тоҷикистон реҷаи маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст, ки бино ба иттилои “Барқи тоҷик” аз соати 10-и шаб ба 5-и субҳ ва аз 5-и бегоҳ то 10-и шаб идома мекунад.
Коршиносон бар инанд, ки дар Тоҷикистон барқи кофӣ тавлид мешавад, аммо ҳамоно мудирияти хуб барои тавзеъи он ба вуҷуд наомадааст.
Коршиноси иқтисод, Нуруллоҳ Ҳусейнов, мегӯяд, аз замоне, ки “Барқи тоҷик” ба се ширкат тақсим шуд ва мудирияти “Шабакаҳои тақсими барқ”-ро мудирони хориҷӣ ба даст гирифтанд, вазъ на ин ки беҳбуд наёфт, балки харобтар шуд.
Ӯ афзуд, то ду-се соли қабл, ки худи мутахассисони “Барқи тоҷик” сари кор буданд, як гуна беҳбуд ба назар мерасид, аммо ҳоло таъмини барқ ҳатто тибқи ҳамин маҳдудияти расмӣ иҷро намешавад.
"Реҷа ҳам иҷро намешавад, ҳам ба гуфти сокинон, барқ хеле заиф ба манозили мардум мерасад, ки ҳатто чароғи каммасрафро дуруст равшан намекунад. Ҳол он ки мардуми рустонишин аксарияти кул хонаҳои худро бо ҳезуму таппак ва зуғол гарм мекунанд”, - гуфт коршинос.
Вай бар ин аст, ки мудирияти хориҷии “Шабакаҳои тақсими барқ”, ки аз сӯи Бонки осиёии рушд тавзиф шудааст, ҷуз боло бурдани нарх маслиҳати беҳтаре ба ҳукумати Тоҷикистон надода, дар иҷрои вазифаи аслии худ – ҳалли мушкили барқрасонӣ низ ноком аст.