Раиси ВМКБ дастовардҳои соли вилоятро ном бурд

Соли 2023, дар маҷмуъ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон беш аз 400 иншоот сохта шуда, бунёди даҳҳо иншооти саноатии дигар дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Барои соҳаи сохтмон, аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ВМКБ соли гузашта қариби 1,3 млрд сомонӣ равона шуда, дар маҷмуъ дар ҳудуди вилоят давоми сол 423 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар ин бора раиси ВМКБ, Алишери Мирзонабот зимни ҷаласа бо ҳузури масъулини вилоят иттилоъ дод.
"Соли сипаришуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, 220 нафар бо ҷойи доимии корӣ таъмин шуданд. Соли 2024 бошад, зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфт раис.
Вай афзуд, дар маҷмуъ дар назар аст, ки дар соли 2024 боз 250 объекти дигар ба истифода дода шаванд.
"Аз он ҷумла, айни ҳол сохтмони парки инноватсионии технологӣ дар шаҳри Хоруғ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар ноҳияи Ванҷ, хоҷагиҳои моҳидории ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон аз ҷумлаи онҳо мебошанд", - илова намуд Мирзонабот.
Вазир маслиҳат дод, ки тоҷикистониҳо ба ҷои шакари хориҷӣ асали худӣ истеъмол кунанд
Дар соҳаи варзиш ва сайёҳӣ бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳои марказӣ дар ноҳияҳои Ишошиму Рӯшон идома доранд.
Зимни суҳбат дар бораи кори кишоварзон, таъкид гардид соли гузашта аз ҷумла беш аз 25 ҳазор тонна картошка, қариби 23,6 ҳазор тон мева, 7,7 ҳазор тонна ғалладонагӣ ва 12 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд.