ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. ИМА ба сабаби бесалоҳиятии президент Ҷо Байден ба як партовгоҳ барои тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст.
Дар ин бора Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Ню-Ҳемпшир изҳор дошт.
"Таҳти раҳбарии Байден, Иёлоти Муттаҳида ба як партовгоҳ барои тамоми ҷаҳон табдил ёфтааст",- гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, демократия дар Иёлоти Муттаҳида "ба сабаби нотавон будани Байден" дар хатар аст.
Рӯзи сешанбе дар иёлот як ҷаласаи ибтидоии кокус баргузор мешавад, ки дар он ҷумҳурихоҳон тасмим хоҳанд гирифт, ки кӣ бояд дар интихоботи президентӣ пешбарӣ шавад.
Трамп дар конфронси ҳизбии рӯзи душанбе аз пуштибонии рекордӣ дар иёлати Айова таъкид кард ва аз тарафдоронаш дар Ню Ҳемпшир даъват кард, ки бо он мувофиқат кунанд, то дар интихоботи дарпешистодаи моҳи ноябр паёме бифиристанд, ки маъмурияти ӯ бармегардад.
"Биёед ва овоз диҳед, ба мо бар зидди ин мардум пирӯзии бузург лозим аст. Шумо бояд аз бистари худ бархезед. Мо бояд паёми возеҳи ваҳдат бифиристем", - гуфт Трамп.
Ӯ ҳамзамон ваъда дод, ки пеш аз савгандёдкунӣ, низои Украинаро ҳал хоҳад кард.
"Мо ин ҷанги мудҳиш байни Русия ва Украинаро пеш аз ба сари қудрат омаданам ҳал хоҳем кард",- гуфт ӯ.
Трамп бори дигар қайд кард, ки вай президенти Русия Владимир Путинро "нағз медонад" ва Владимир Зеленскийро низ мешиносад.
"Мо инро ҳал хоҳем кард",- ваъда дод ӯ.
Қаблан Трамп борҳо изҳор дошта буд, ки дар сурати дубора интихоб шудан, ният дорад, дар давоми ҳамагӣ 24 соат ба ҳалли низоъ миёни Русияву Украина ноил шавад.