"Садои дӯстӣ": асарҳои Шаҳидӣ ва Рахманинов дар Душанбе намоиш дода шуд

Театри давлатии академии опера ва балети Точикистон ба номи. Айнӣ консерти бошукуҳи "Садои дӯстӣ"-ро баргузор кард, ки ҳаводорони зиёдеро гирд овард
Sputnik
Дар саҳнаи асосии театри Тоҷикистон беҳтарин асарҳои Раҳманинов ва Шаҳидӣ намоиш дода шуданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз консерти "Садои дӯстӣ" дидан карда, аз намоишнома наворҳои равшане гирифт.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар театри ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо нахустнамоиши таърихии ду асари бузурги садаи бистум – симфонияи дуюми Сергей Раҳманинов ва шеъри симфонии “Садо” – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд.
Консерти Толибхон Шаҳидӣ дар Душанбе - видео
Қаблан дар Душанбе ҷашнвораи байнулмилалии халқҳои АвруОсиё "Шарқ - Ғарб" баргузор шуда буд. Он дар Театри академии Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд.
Дар он асарҳои ҳунармандони кишварҳои Авруосиё, созҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷашнвора бо ҳадафи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ифтихор ба фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҳисси эстетикӣ баргузор шудааст. Вазорат ба ҳамаи иштирокчиёни фестивалро бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонид.
Маврид ба зикр аст, ки Толибхон Шаҳидӣ аз хонаводаи маъруфи санъаткорон мебошад, ки соли 1946 таваллуд шудааст. Вай фарзанди оҳангсози маъруфи дигари тоҷик, Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ буда, аз 14-солагӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ кардаст.
Толибхон омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм карда, баъдан ба таҳсил дар Консерваторияи Маскав оғоз кардааст. Баъди хатми консерватория дар соли 1972 фаъолияти эҷодии худро дар зодгоҳаш Душанбе оғоз мекунад.
Вай муаллифи асарҳои гуногуни симфонӣ буда, барои осораш барандаи ҷоизаҳои мухталифи байналмилалӣ шудааст.
Ӯ соли 1999 унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро соҳиб шуда, инчунин дорандаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ мебошад.