ИМА наметавонад Исроилро ҳифз кунад

Сарпарастии ИМА, якдил набудани ҷаҳони араб ва қудрати низомӣ Исроилро амалан беҷазо мегардонанд ва маълум мешавад, ки танҳо давлати яҳудӣ метавонад наслкуширо дар Фаластин боздорад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik, Петр Акопов. "Ҳеҷ кас моро боздоштан наметавонад, на Гаага, на меҳвари бадӣ, на ҳеҷ каси дигар",-гуфт Бенямин Нетаняҳу дар охири ҳафта. Сарвазири Исроил дар бораи идомаи "ҷанг бо Ҳамос то охир, то пирӯзии комил", гуфт, ки "мо амниятро ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимол барқарор хоҳем кард", аммо аксарияти мутлақи ҷомеъаи ҷаҳонӣ муътақид аст, ки дар воқеъ Нетаняҳу наслкушии фаластиниҳоро дар Ғазза бас намекунад.
Оё СММ метавонад кушторро дар Ғазза боздорад? Саволи аҷиб. Албатта наметавонад, чунки Исроил "пушти" амрикоӣ дорад ва Вашингтон ҳама гуна қатъномаҳои зидди давлати яҳудиро дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал манъмекунад, аз ин рӯ ба Исроил ҳеҷ гуна таҳримҳои байналмилалӣ ва на маҷбур кардан ба сулҳ аз тарафи қувваҳои ҳарбии эътилофи байналхалқӣ таҳдид намекунад.
Аммо новобаста аз ин, ҳоло тасмими яке аз ниҳодҳои асосии СММ метавонад барои сарнавишти ояндаи Исроил ва фаластиниҳо хеле муҳим гардад.
Аллакай ҳамин ҳафта Додгоҳи Байналмилалии СММ метавонад қарори аввалини муқаддамотии худро дар бораи эътирофи амалҳои Исроил дар Ғазза ҳамчун наслкушӣ қабул кунад ва аз Телавив тақозо кунад, ки “чораҳои таъминкунии пешгирии наслкушӣ”, яъне қатъи амалиёти низомиро қабул кунад.
Хеле рамзӣ аст, ки даъво аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, кишваре, ки дар тӯли даҳсолаҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои апартеид маҳкум мешуд, пешниҳод шудааст. Зиёда аз ин, Иттиҳоди Шӯравӣ ва аксарияти мамлакатхои Ғарб тадриҷан дар маҳкум кардани режими онвақтаи зулми сафедпустон нисбати сиёхпустон якдил шуданд, гарчанде ки Британияи Кабир ва ИМА Африқои Ҷанубии сафедро назар ба дигарон дарозтар ҳимоя карданд.
Ҳамлаи ИМА ва Бритониё ба Яман: Зарбаҳои шадиди мушакӣ ба иншоотҳои Ҳусиҳо
Акнун вазъият аз бисёр ҷиҳатҳо такрор мешавад, Исроилро ИМА ва як қисми мамлакатҳои Ғарб ҳимоя мекунанд, вале онҳо афкори аксарияти ҷаҳонро дурудароз сарфи назар карда наметавонанд.
Имконияти он, ки Додгоҳи Байналмилалии СММ аввал дар бораи зарурати қатъи амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Исроил ҳукм мебарорад ва сипас (моҳҳо ва ҳатто солҳо пас) Исроилро дар наслкушии фаластиниён гунаҳкор медонад, хеле баланд аст, зеро дар таърихи навин ҳеҷ гоҳ ҷаҳон бо чунин зуҳуроти равшани наслкушӣ дучор нашудаст.
Гап на танҳо дар он аст, ки дар асри интернет далелҳои нобудсозӣ ва аз ҷои зист рондани аҳолии осоиштаро пинҳон кардан мумкин нест: роҳбарияти Исроил низ аз гуфтани рӯирости мақсадҳои "амалиёти" худ шарм намедорад. Яъне, ба додрасҳои Додгоҳи байнулмилалиро танҳо лозим аст, ки ҷонибҳоро гӯш кунанд ва ягона қарори имконпазирро қабул кунанд ва сиёҳро сиёҳ эътироф кунанд.
Онҳо амалан чораи дигар надоранд, агар Исроил сафед карда шавад, ба обрӯи СММ зарбаи марговар хоҳад расид ва қариб тамоми Ҷануби Ҷаҳон қонунӣ будани на танҳо Исроил, балки институтҳои ҷаҳонии аз ҷониби англосаксҳо сохташуда (аз ҷумла СММ ва додгоҳи он) инкор хоҳад кард.
Бинобар ин, гарчанде ки холо додгоҳро шаҳрванди ИМА сарварӣ мекунанд, англосаксҳо ин корро рупӯш карда наметавонанд, онҳо бояд вокеиятро эътироф кунанд.
Албатта, масъала аз доираи додгоҳберун намеравад, барои он, ки тасмим дар бораи бас кардани амалиёти ҷангӣ на танҳо бояд даъвати додгоҳ, балки талаботи қонунии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад, қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи тасдиқи қарори додгоҳи байналмилалӣ зарур аст. Ва ИМА бешубҳа онро манъ мекунад.
Володин гуфт, Байден бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад
Сарфи назар аз он, ки онҳо обрӯи бе ин ҳам зуд паст шудаистодаи худро аз даст медиҳанд, муносибат ба Вашингтон ҳамчун сарпараст ва шарики Исроил, ки наслкушӣсодир мекунад, қариб ҳамаҷониба шуда истодааст.
Ҳамин тариқ, ҳама гуна тасмими Додгоҳи Байналмилалӣ барои Иёлоти Муттаҳида натиҷаи хубе надорад, даст кашидан аз муҳокимаи Исроил пурра эътимоди боқимондаро ба ниҳодҳои байналмилалӣ аз байн мебарад ва вето ба қатъномаи Шӯрои Амният боиси айбдор кардани ИМА дар сарпарастии қотилҳо мегардад.
Ин аст, ки ИМА аз даъвои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ин қадар норозианд, аммо онҳо ҳеҷ чизро тағйир дода наметавонанд. Ва нияти Олмон дар ин раванд тарафи Исроилро ишғол кардан (сарфи назар аз он, ки даъвои Африқои Ҷанубиро кишварҳои гуногун, аз Амрикои Лотинӣ то мусулмон дастгирӣ карданд),аллакай боиси сарзаниши ҳамсояи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ - Намибия шудааст,онҳо ба немисҳо хотиррасон карданд, ки Олмон аввалин наслкушии асри 20-ро ба ҷо овард, ки дар он солҳои 1904-1908 ҳазорон нафар намибиягӣ ғайриинсониву ваҳшиёна кушта шуданд (қабилаҳои Гереро ва Нама 50-80 фоиз нобуд карда шуданд) ва то ҳол онро пурра эътирофнакардааст:
"Германия, ки имрӯз Исроилро дастгирӣ мекунад, аз гузаштаи даҳшатноки худ сабақ гирифта натавонист."
Дар таърихи Додгоҳи байнулмилалии СММаллакай ҳолатҳое мушоҳида шудааст, ки дар амалкарди баъзе кишварҳо аломатҳои наслкушӣ пайдо кардааст:бори охир чанд сол пеш дар қазияи Мянмар, ки ба наслкушии мусулмонони Роҳинҷа муттаҳам мешуд. Аммо саргузашти Роҳинҷа (мусулмононе, ки дар марз бо Бангладеш зиндагӣ мекунанд, аксари онҳо навомадагон) ба вазъи Ғазза ҳеҷ наздик набуд.
Дар Мянмар, мақомот ба муноқишаи қавмӣ дар яке аз минтақаҳои худ дахолат карданд ва тартиботро барқарор карданд, бо истифода аз зӯрӣ бар зидди ҳама ҷонибҳо, на танҳо роҳинҷа. Дар мавриди Ғаза сухан дар бораи амалкарди давлати ишғолгар (маърифи расмии Исроил, аз ҷумла дар асноди СММ) дар робита ба аҳолӣ ва қаламраве, ки ба он тааллуқ надорад, бо ҳадафи ихроҷи мардум аз ин қаламрав.
Ҷанг барои Ховари Миёна оғоз шуд, Русия интизор аст
Гузашта аз ин, ихроҷҳо ба таври ваҳшиёна, бомбборони шадид, радди кӯмакҳои башардӯстона, тахриби инфрасохтор ва хонаҳо: 85 дарсади Ғаззаҳо гуреза шуданд ва ин дар ҳолест, ки қисми зиёди онҳо то ин дамҳам гуреза давоми наслҳо буданд.
Охир, Исроил аз соли 1948 ва баъдан аз соли 1967 қисми зиёди заминҳоеро, ки ба фаластиниҳо тааллук дошт ва барои бунёди Фаластин таъин шуда буд, тасарруф кард ва акнун охирин панохгоҳи онҳоро низ тахриб мекунад ва он кайҳо боз ба лагери консентратсионӣ табдил ёфтааст.
Сарпарастии ИМА, якдил набудани ҷаҳони араб ва қудрати низомӣ Исроилро амалан беҷазо мегардонад ва маълум мешавад, ки танҳо давлати яҳудӣ метавонад наслкуширобоздорад. Аммо он аллакай аз ҳад дур рафтааст, на ҳоло ин рух дод, балки дар тӯли даҳсолаҳои зиёд сиёсати зулм ва кӯчонидани аҳолии бумӣ аз Фаластин давом дорад.
На танхо ҷинояткорона, балки бе оянда будани чунин сиёсат барои мамлакате, ки дар иҳотаи ҷаҳони ниммиллиарднафарии арабҳо воқеъ гардидааст, кайҳо боз маълум аст. Бо реҷаи торумор кардани халқҳое, ки аз сарзамини худ ронда шудаанд зиндагӣ кардан амри маҳол аст. Охир, дер ё зуд таносуби қувваҳо ва шамолҳои геополитикӣ на ба нафъи Исроил тагйир меёбанд ва он ҷазо хоҳад гирифт.
Аммо дар ҳоли ҳозир ҷомеаи Исроил имкон дорад, ки тағйир ёбад ва худро маҷбур кунад, ки фаластиниёнро бо худ баробар ва ҳуқуқи онҳоро ба давлати худ дар сарзамини худ эътироф кунад. На аз рӯи муҳаббат ба фаластиниён, балки аз рӯи нигаронӣ ба ояндаи худ бояд ин корро кунад.
Аз ҷониби Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудани Исроил дар наслкушӣ на танҳо ифодаи муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кирдорҳои давлати яҳудӣ мешавад, балки имкони боздоштани он аз фалокати миллӣ хоҳад буд. Ба ин ғайр аз худи шаҳрвандони Исроил дида, каси дигаре бештар ба ин манфиатдор нест.