ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Аҳлиддин Турдиев сармураббии тими "Равшан"-и Кӯлоб шуд.
Дар ин бора директори бошгоҳ Ғайраталӣ Мираҳмадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Бо Турдиев шартномаи яксола бастем. Дар сурати дастовардҳои хуб шартномаро тамдид хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳоло дастаро таҷдид ва пурқувват хоҳанд кард ва барои ин тасмим доранд то легионерoҳои навро даъват кунанд.
"Тасмими дорем дастаро пурқувват кунем. Дар поёни мавсим чанд легионерро ҷавоб додем ва нақша дорем, ки то 7 легионерро аз кишварҳои гуногун ҷалб созем", - таъкид кард директори бошгоҳи "Равшан".
Мираҳмадов афзуд, ки маросими имзои шартнома бо мураббии нав ва тамдид бо баъзе бозигарон дар Душанбе рӯзҳои наздик сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки Турдиев дар ин мақом Тоҳирҷон Муъминовро иваз намуд, ки як соли ахир дастаро тамрин дод.
Ёдовар мешавем, ки Аҳлиддин Турдиев ба ҳайси сармураббӣ фаъолияташро соли 2009 дар дастаи “Энергетик”-и Душанбе оғоз карда, онро то 2011 тамрин дод.
Солҳои 2012-2013 мурабби дар академияи "Истиқлол" ва 2014 сармураббии дастаи “Далерон”-и Истаравшан буд.
Мавсуф ҳамзамон дар хориҷ низ фаъолият карда тайи чаҳор сол (2014-2018) тими “Уқобони Ҳиндукуш”-и Афғонистонро тамрин додааст.
Вай соли 2018 мураббии “Куктош”-и Рӯдакӣ, 2019-2022 сармураббии дастаи наврасон ва ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон ва тайи соли 2023 дар дастаҳои “КМВА”-и Душанбе ва “Куктош”-и Рӯдакӣ кор кардааст.
Бояд гуфт, ки клуби "Равшан" соли 1965 таъсис ёфта, дар Тоҷикистон яке аз аввалинҳо мебошад. Ин даста ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуда, инчунин ду маротиба Ҷоми кишвар ва Суперҷоми футболро соҳиб гашт.