ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ҳазорон нафар аз низомиён, аз ҷумла таҷрибадортарин ва бомалакаро аз даст дод.
Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal (WSJ) хабар додааст. Ба иттилои ин нашрия, Киев "ҳазорон нафар низомиён, аз ҷумла ҷангиёни ботаҷриба ва иродатмандро" дар ҷангҳо аз даст додааст.
Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ба тасвири нашрияи маъруфи амрикоӣ "пеш аз оғози он ба охир расид".
Манбаъ афзуд, бузургтарин мушкили нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳоли ҳозир ин аст, ки онҳо "ба қадри кофӣ мусаллаҳ нестанд, ки дифои Русияро рахна кунанд".
Артиши Украина аз 4 июни соли 2023 талошҳои ҳамлаи бебарор анҷом додааст. Ҷониби Русия борҳо таъкид кардааст, ки бо вуҷуди талафоти зиёд, ҳамлаҳои ҷавобӣ барои Киев натиҷаҳои назаррасе наовардааст.
Рӯзи 1-уми декабр президенти Украина Владимир Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳои пешбинишуда нарасидаанд.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ахиран изҳор дошт, ки Ғарб аз стратегияи ҷилавгирӣ аз Русия ва ҳадафҳои таҷовузкоронаи худ дар Украина даст намекашад ва Маскав аз аҳдофаш дар амалиёти вижа рӯй гардонданӣ нест.
Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.