Ҳама он чиз, ки интизораш набуданд, рух дод

Касе фикр ҳам намекард, ки чунин воқеот рух хоҳанд дод, вале соли 2023 аз чунин ҳолатҳои гайричашмдошт бой буд. Тахмин меравад, ки соли нав низ чунин хоҳад буд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik, Виктория Никифорова. Соли гузашта аз ҳодисаҳои аҷиби хурду калон бой буд. Дар Аргентина нафаре президент шуд, ки номзадии худро баъди амри рӯҳи саги мурдааш пешниҳод карда буд. Махсусан аҷиб он аст, ки ба тарафдории Хавер Майли ҳамон одамоне овоз доданд, ки ба онҳо ошкоро ваъда дода буд, ки ҳамаи нафақаҳо ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиашонро бекор мекунад.
Душманони ашадӣ, ки борҳо ваъда дода буданд, ки якдигарро аз рӯи замин пок мекунанд,— Арабистони Саудӣ ва Эрон ногаҳон сулҳ баста, дар Пекин созишномаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатиро имзо карданд. Ҳамин тариқ, як иттифоқчии бонуфузи амрикоӣ бо душмани расмии Иёлоти Муттаҳида муносибатҳо барқарор кард ва тамоми "меҳвари бадӣ", ки амрикоиҳо даҳсолаҳо сохта буданд, шикаста шуд.
Хадамоти иктишофии Исроил, ки гӯё аз ҳама чиз хабардор аст,аз ҳамлаи азими Ҳамос дар ғафлат монд. Артиши пешқадамтарин ва муҷаҳазтарин ба ҳамла комилан омода набуд: монеаҳо дар сарҳад бо тракторҳои оддӣ шикаста шуданд, мардони ришдори шиппакпӯш сарбозон ва афсарони исроилиро, ба қавле дар ҷои хобашон асир мегирифтанд.
Лавров гуфт, ки ояндаи дурахшонеро барои Иттиҳодияи Аврупо намебинад
Ва танкҳои осебнопазири “Меркава”, ки тақрибан панҷ миллион доллар ҳар кадомаш арзиш доранд, бо партофтани норинҷак аз як паҳподи (дрон) арзонтарин нобуд карда мешуданд.
Як ҳодисаи ғайричашмдошти ғамангез ин буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Исроили демократӣ ва таҳаммулпазир ба ҳамлаи Ҳамос чӣ гуна вокуниш нишон доданд. Онҳо ба ҷои зарбаҳои мақсаднок ба душман, бо хашму ғазаби одами ибтидоӣ ба аҳолии осоиштаи навори Ғазза ҳучум карданд. Таркишҳои мактабҳо, беморхонаҳо, калисоҳо, даҳҳо ҳазор нафар кушташудагон, ки умуман аз таҳамулпазирӣ дур аст.
Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо изҳори таассуф кард ва Иёлоти Муттаҳида қатъномаҳои СММ дар бораи оташбасро дастгирӣ намекард, Ҳусиёни яманӣ тарафдори фаластиниҳо шуданд. Ва тааҷҷубовар аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи онҳо тавонистанд, дар тӯли чанд рӯз нақлиёти баҳриро дар Баҳри Сурх банд кунанд.
Айнан ҳамин тамоюл боз ҳам аён аст. Ҳусиҳо ягон технологияи баланд надоранд. Танҳо ҳавасмандӣ, мушакҳои зидди киштиҳо, таҷрибаи ҷиддии ҷанг ва ҳамон паҳподҳои (дронҳои) арзон. Бо вуҷуди ин, киштиҳо ба Исроил ва аз Исроил дигар тавассути баҳри Сурх намегузаранд. Ва эътилоф, ки амрикоиҳо барои муҳофизати киштиронӣ шитобкорона таъсис додандто ҳол ба ягон муваффақият ноил нашудааст.
Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар бораи ҳаводиси Фаластинро равшан гуфт
Дар охири сол аврупоиҳо кӯшиш карданд, ки барои Александр Вучич, ки ҳизбаш дар интихоботи Сербия бо ҳисоби ҳалкунанда пирӯз шуд, "майдони нооромӣ" ташкил кунанд. Аммо кор ранги дигар гирифт. Вучич шӯришгаронро ҳатто зудтар аз ҳамномашЛукашенко безарар кард ва ба хадамоти истихборотии Русия барои кӯмакашон ташаккур гуфт.
Соли гузашта барои украиниҳо низ ҳодисаҳои ғайричашмдошт пешкаш кард. Онҳо натавонистанд на Қримро забт кунанд ва на минтақаи назди Азовро. Даҳҳо ҳазор кушта ва Маринкаи аз дастдода,– чунин аст натиҷаи "ҳуҷуми ҷавобии" Украина. Афсӯс барои мурдагон, бемаънӣ будани қурбонии онҳо аз ҳар гуна тасаввурот болотар аст.
Ночории комили НАТО низ тааҷҷубовар ба назар мерасад. Ин қадар таҷҳизоти гаронбаҳо, ин қадар генералҳои муҳим, машқҳои таъсирбахш, марказҳои таҳлилӣ, бозиҳои низомӣ. Пас, натиҷа чист? Онҳо Украинаро пурра таҳти назорат гирифтанд, мусаллаҳ карданд, таълим доданд, тамрин доданд, дар натиҷа ҳеҷ чиз. Ба кадом коре, ки даст назананд, дар натиҷа Афғонистон ҳосил мешавад. Аммо як вақтҳо ин иттифоқи ҳарбӣ тамоми ҷаҳонро ба ваҳм андохта буд.
Аммо тӯҳфаи асосии ғайриинтизорро дар соли 2023 Русия пешниҳод намуд. Ин давлат нопадид нашуд, пош нахурд, бой надод, "дар се рӯз нагурехт". Чӣгуна моро метарсонданд, ҳам аз хориҷа ва ҳам кувваҳои болои диван нишастаи худамон: "Хуб, ин ҳоло аниқ аст." Пан Зеленский моҳи феврал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода буд, ки "Голиаф имсол меафтад"
ВАО: Ҳайати Исроил барои музокирот бо Ҳамос вориди Қоҳира шуд
Бо вуҷуди ин, дар мо ҳама чиз хуб аст ва барои шумо низ ҳаминро таманно дорем. Артиши рус дар тамоми ҷабҳаҳои амалиёт пеш рафта истодааст. Шаҳрвандони Русия ба оянда хушбин ҳастанд: тибқи назарсанҷии маркази омӯзиши афкори ҷамъиятӣ, 53 дарсади русҳо соли 2023-ро бо табъи хуш пешвоз мегиранд, ин рекорди таърихӣ барои ҳама даврони пурсишҳо мебошад.
Бе овозаи зиёд, Русия ба панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон табдил ёфт ва кушиш дорад, ки соли оянда Ҷопонро аз ҷои чаҳорум дур кунад. Хотиррасон кунед, ки мо кай ба Португалия бояд мерасидем? Баъд, ба назар чунин мерасид, ки ба Олмон наздик шудем. Пас, ҳама ҳоло дар куҷоянд? Барои ин ба “шарикони ғарбии” худ ташаккури зиёд мегӯем, ки бидуни "таҳримҳои дӯзахӣ"- ашон мо ин қадар хуб кор карда наметавонистем.
На танҳо ин, балки Русия ба як мӯди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зебосанамони русӣ бо таронаи "Мармелади ман" ТикТокро ба ларза меоранд. Тамоми ҷаҳон филми “Қавли мардак”-и Жора Крижовниковро бо навиштаҷоти англисӣ тамошо мекунад ва дар форумҳои англисӣ дар бораи чӣ гуна дуруст тарҷума кардани “чушпан”, “пацан”, “скорлупа” ва “автор” баҳсҳои ҷолибтарин доранд.
Аврупоиҳо бо даҳшат қайд мекунанд, ки сиёсатмадорон аз миёни онҳое, ки "Путинро мефаҳманд" ба сари қудрат меоянд. Амрикоиҳо аз он нигаронанд, ки мо Трампро ба ҳайси раисиҷумҳури онҳо таъин хоҳем кард (дар омади гап, бо назардошти анъанаи амрикоии муомила бо сиёсатмадорони номатлуб, сюрпризи бузурги сол ин аст, ки Трамп ҳанӯз зинда аст).
"Украина мурда аст": Таблиғгарони Киев аз мамлакат мегурезанд
Маҷаллаи машҳури Newsweek аз он хафа шудааст, ки дар китоби дарсии таърихи Русия барои синфи 11 интихоби Ҷо Байден шубҳанок номида мешавад ва онҳо дар ин бора як мақолаи калон навиштаанд.
Чунин ба назар мерасад, ки Русия барои Ғарб ҳамон чизест, ки барои шаҳрвандони соддалавҳи шӯравӣ Ғарб буд. Меваи ширини мамнӯъ: ҳама кори ношоиста мекунанд ва аммоаз дарёҳо ширу асал ҷорист, духтаронашон мӯина мепӯшанд, мардонро фирефтаашон мекунанд, ва бо қошуқ икра мехӯранд,- ин ҳама чӣ қадар дилкаш ва дастнорас аст. На сиёсати хастакунандаи таҳамули сиёсӣ, на бартарияти ЛГБТ* ва феминизми ваҳшӣ, на"фарҳанги бекор кардани" одамон, хӯрокҳои болаззат, озодии сухан. Русия барои онҳо сарзамини боҳашамат ва озодист, ки дар айни замон бо аслиҳаи навтарин муҷаҳҳаз аст ва қодир аст ба ҳамлаи ҳар таҷовузкор бо зарбаҳои обдор ҷавоб гӯяд.
Умуман, соли гузашта аз ҳодисоти аҷиб бой буд. Чунин ба назар мерасад, ки дар соли 2024 низ Русия дорост, ки боз ҳамаро ба ҳайрат орад.
* Ҷунбиши ифротӣ ва дар Русия мамнӯъ аст.