ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёмаш ба порлумон гуфт, ки бидуни соҳибкорон кишвар ба дастовардҳои хуби иқтисодӣ ноил шуда наметавонад.
"Аз ҳисоби буҷети давлатӣ корҳое, ки соҳибкорон анҷом додаанд, ғайриимкон буд", - таъкид кард роҳбари Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023 беш аз 700 корхона бо 5 ҳазор ҷойи корӣ, 117 муассисаи таълимӣ барои 43 ҳазор донишҷӯ ва 139 муассисаи тандурустӣ бунёд гардид.
Ва таъкид кард, ки тайи солҳои истиқлол дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар онҳо 54 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки тайи 75 соли ахир, яъне дар замони шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 338 корхона бо 33 ҳазор ҷойи корӣ бунёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол Раҳмон ба масъулин ёдовар шуд, ки кӣ иншоот месозанд, ҷойҳои корӣ месозанд ва Ватанро обод мекунад.
"Ин ҳама ба шарофати соҳибкорони ватанӣ аст. Инро фаромӯш накунед", - гуфт президент.
Ӯ дар идома ба онҳое, ки роҳ месозанд, аввал сипос гуфт ва баъдан даъват кард, ки бо сифати баланд созанд.
"Кӯшиш накунед, ки тез созед, оҳиста бошад ҳам бо сифати баланд созед. 1 км не, балки 500 м, мустаҳкам, устувор, бо равшанй ва инфрасохтор созед", - таъкид кард раисҷумҳур.
Ба гуфтаи Раҳмон, чуноне созем, ки солҳо дошт диҳад ва ояндагонамон аз он истифода баранд, дар акси ҳол, мо худамонро фиреб медиҳем.