ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон ба як гурӯҳ истифодабарандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муқаррар намудани имтиёзҳоро ҷонибдорӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди кишвар бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо, воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ворид шудаанд, аз супоридани андоз озод мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки парлумони Тоҷикистон имтиёзҳо барои ворид намудани техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро низ ҷонибдорӣ кард
Қайд гардидааст, ки дар қонунгузории буҷети давлатӣ вобаста ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истифода мешаванд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон тибқи талаботи қисми 5 моддаи 32-и Кодекси андоз пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ ба андозаи то 50 фоиз меъёри андози пардохтшаванда муқаррар мешавад.