ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дарвозабони тоҷик, Рустам Ятимов, ки дар ҳайати тими "Истиқлол"-и Душанбе ва тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, гаронарзиштарин дар Осиёи Марказӣ миёни ҳамтоёнаш эътироф шуд.
Тибқи маълумоти портали "Transfermarkt", ки футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Рустам Ятимов танҳо ба мавсими гузашта ба андозаи 150 ҳазор еврои дигар гаронтар шудааст. Нимаи соли 2022 нархи Ятимов ҳудуди 400 ҳазор евро арзёбӣ шуда буд.
Арзиши умумии дарвозабони тими миллии Тоҷикистон 900 ҳазор евро гуфта шудааст, ки баландтарин нишондод миёни ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Дар ҷойҳои баъдӣ варзишгарони Ӯзбекистон ҷой гирифтаанд. Инҳо Абдувоҳид Неъматов ва Уткир Юсупов мебошанд, ки 700 ҳазор евроӣ қимат доштаанд.
Ятимов дар бозиҳои лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳунарнамоии хуб нишон дод. Аз ҷумла навори радубадали Рустам Ятимов ва Криштиану Роналду, ки ҳангоми бозии тими "Истиқлол" ва "Ал-Наср" сурат гирифт, сертамошобин шуда буд.
Ӯ тавонист, чанд тӯбҳои мушкили ҳарифонро пас гардонаду ҳатто ситораҳои сатҳи ҷаҳониро мушавваш созад. Пас аз каме харшаха Ятимов ва Роналду оштӣ шуданду ҳамдигарро ба оғӯш гирифта буданд.
Мухлисон аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ҳунарнамоии Ятимов баҳои хуб дода, таҳсину офарин хонданд.