Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Фаронса гуфтанд, ИМА ба созиш бо Русия хоҳад рафт

Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико новобаста аз натиҷаи интихоботи президентӣ дар ин кишвар бо Русия дар масълаи Украина сулҳ хоҳад кард, навиштааст рӯзноманигори нашрияи фаронсавии Le Figaro ва мутахассиси геополитика Рено Жирар.
"Ё Трамп президент интихоб мешавад, ки ӯ аллакай гуфта буд, ки дар тӯли 24 соат мушкилотро ҳал мекунад, яъне аз Путин мепурсад, ки чӣ мехоҳад ё маъмурияти Байден ва демократҳо низ дар ниҳоят сулҳ мехоҳанд", - навиштаст муаллиф.
Таҳлилгар таъкид намудаст, ки Вашингтон мехоҳад, пеш аз ҳама ба Чин тамаркуз кунад ва онҳо медонанд, ки ҳамаи ин масоили марбути Украина онҳоро ба дуриҳо хоҳад бурд
Ба гуфтаи рӯзноманигор, Вашингтон дарк мекунад, ки аз нигоҳи стратегӣ “ба оғӯши Пекин андохтани Маскав” ба манфиаташ нест, аз ин рӯ бо муноқиша дар Украина тақрибан ҳама чиз равшан аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия аз аҳдофаш дар амалиёти вижа даст намекашад
Ҳоло дар Киев дарк мекунанд, ки Русияро мағлуб нахоҳанд кард ва минтақаҳои русзабонро барнамегардонанд, аз ин рӯ танқиди стратегияи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва амалҳои президент Владимир Зеленский торафт бештар шунида мешавад, хулоса кард Жирар.
Президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ худаш аз кишвардори Русия Владимир Путин хоҳиш хоҳад кард, ки ба музокироти сулҳ ворид шавад, навишта буд ахиран нашрияи Чин Sohu.
Тавре муаллифи мавод қайд мекунад, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо сабаби муноқишаи тӯлонӣ бо Русия ва идомаи ҷанг дар Исроил Украинаро тарк кунад.
Ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни як нишасти хабарии бузурги солона дар бораи амалиёти вижаи низомӣ изҳор дошт, ки “Русия пирӯз мешавад” ва сулҳ он замоне барқарор мешавад, ки Русия ба ҳадафҳои худ бирасад.