ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Таҳримҳои нав алайҳи Русия ба худи Иттиҳодияи Аврупо зарари бештар мерасонад, изҳор дошт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ФР, Мария Захарова.
ИА зери фишори ҳисобҳои нодурусти геополитикии ИМА вазни сиёсиву иқтисодиро аз даст медиҳад, таъкид намуд ӯ.
"Захираҳои иттиҳодия барои хидмат ба манфиатҳои ИМА ва ғанӣ гардонидани комплекси ҳарбии саноатии Амрико равона карда шудаанд", - илова намуд дипломати рус.
Бюрократияи аврупоӣ мекӯшад, ки бо дурустиву нодурустӣ ҳама харҷу марҷ ва бесарусомоние, ки дар ИА ҷараён дорад, пӯшонад, изҳор дошт Захарова.
Қаблан Маскав изҳор дошта буд, ки бо таҳдиди таҳриму фишорҳо ва ваъдаи афзалиятҳо Ғарб талош дорад, кишварҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳамкорӣ аз Русия водор созад.
Ғарб талош дорад кишварҳои Осиёи Марказиро алайҳи Русия таҳрик диҳад, таъкид намуда буд Мария Захарова.
"Онҳо лексияҳо мекунанд, ки чӣ гуна бояд бо Русия муошират накард ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метарсонанд", - гуфт сухангӯи ВУХ Русия.
Ба эътиқоди вай, кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳамаро дарк мекунанд ва бар асоси манофеи миллӣ амал хоҳанд кард.