Раҳмон ба амири нави Кувайт: Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун

Президенти Тоҷикистон аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ изҳори андуҳу ҳамдардӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба амири нави Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи таслият фиристода, ҳамдардии ҳукумату мардуми кишварро аз даргузашти амири қаблӣ баён доштаст.
Ӯ дар паёмаш гуфт, хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳаш гардид.
Дар идома аз шодравон ҳамчун ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон зикр шудаст, ки барои густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст.
Раҳмон бо вазири мудофиаи Давлати Кувайт вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
"Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям", - омадааст дар паём.
Парвардигор марҳумро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад, дуо кардаст Раҳмон.
"Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун", - иқтибос овардааст дар охир президенти Тоҷикистон аз Қуръон, ки ба маънои ҳама аз Худоему сӯи ӯ бармегардем.
Наваф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 25 июни соли 1937 дар Кувайт таваллуд шудааст. Ӯ писари шашуми Шайх Аҳмад ас-Сабоҳ, даҳумин амири Кувайт Аҳмади I аст, ки аз соли 1921 то 1950 ҳукмронӣ кардааст.
Вай аз моҳи сентябри соли 2020, пас аз марги бародараш Сабоҳи IV тахти Кувайтро раҳбарӣ мекард.
Амири Кувайт дар синни 86-солагӣ даргузашт
Пас аз даргузашти амири феълӣ бояд бародари хурдии ӯ, валиаҳди 83-сола Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вориси қудрат шавад.
Ҳукумат ӯро аллакай амири нав эълон кардааст. Тибқи Қонуни асосии Кувайт, вориси тахт пас аз марги ҳоким ба таври худкор амир мешавад, аммо баъд аз савгандёдкунӣ дар назди порлумон – Маҷлиси Миллӣ салоҳияти комил дорад.