ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputniк. Андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик, ки ба чанд “қувваи асп” баробар аст, ҳисоб мешавад.
Пардохти ин намуди андоз асосан дар вақти гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) - и воситаҳои нақлиёт тақозо мешавад.
Ҳоло пардохти андози роҳ барои ҳар як "қувваи асп"-и мошинҳо 5, сомонӣ аст. Бино ба таҳлилҳо ин нишондиҳанда дар соли 2024 ин рақам тағйир хоҳад ёфт.
Роҳбари яке аз мағозаҳои комиссионӣ, Муҳиддин Сафаров, ки дар назди Идораи БДА вилояти Суғд фаъолият зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар соли нав ҳаҷми пардохти андози қувваи асп беш аз 5% баланд хоҳад шуд.
"Фарзи мисол ҳоло андози роҳи мошини тамғаи Opel, ки иқтидори муҳаррики он ба 75 қувваи асп баробар аст, 382,5 сомонӣ аст. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба 405 сомонӣ баробар хоҳад шуд, ки сари ҳар як “қувваи асп” 5,4 сомонӣ рост меояд", - шарҳ дод, мусоҳиб.
Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2024 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар пояи маълумоти оморӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки қимати андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои гузаронидани муоинаи техникии мошинҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамҷавор гарон гуфта мешавад.
Аз ҳисоби баланд шудани ҳаҷми нишондиҳандаи ҳисобҳо инчунин қимати сиёҳ кардани воситаҳои нақлиёт низ сар аз январи соли 2024 гарон мешавад.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2024 он муодили 4 ҳазору 680 сомонӣ хоҳад буд.
Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 6 ҳазору 192 сомониро ташкил хоҳад дод. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 848 сомонист.