ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дигарбора қурби пули русӣ дар баробарии сомонии тоҷикӣ башиддат поин меравад.
Чунин вазъро дар арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 118,8 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 119,6 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ ахиран, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, тайи чанд ҳафта ба ин су аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешуд. Аммо дигарбора ҳоло рӯ ба коҳиш дорад.
Қурби арзи аврупоӣ низ каме поин рафтааст. Ба гузориши Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.8266 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як евро ба 11.8696 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз беҳтар шудааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ бар ивази 1 доллар 10.9569 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9617 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9617 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8266 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 118,8 то 119 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.